ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, панҷшанбе, 323-юмин рӯзи соли 2026 аст

АМИТ "Ховар" ·

19 ноябри соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 60-солагии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) суханронӣ намуданд.

***

14 сол пеш, 19 ноябри соли 2012 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паҳлуи чапи Қасри фарҳанги Арбоб Маркази муҳташами фарҳангию фароғатӣ, ки бо нақшу нигори зебову дилкаш дар болои чӯб, санг, гаҷ ва оина оро ёфтааст, мавриди истифода қарор гирифт.

***

19 ноябри соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар маҷлиси тантанавӣ ва ҷамъомади идона ба ифтихори ҷашни 25-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

19 ноябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, муассисаи таълимии хусусии «Ҳоризон», бинои нави Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатии «Сиёма молл» ва Кохи «Парфенон»–ро ифтитоҳ намуданд.

***

19 ноябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким» ва корхонаи «Сайри Суғд»-ро мавриди истифода қарор дода, дар Фестивали асал, картошка ва анор иштирок намуданд.

***

19 ноябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии рақами 2-и шаҳри Истаравшан корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи Нур-ТВ»-ро бо бренди миллии Нур, Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Мафтуна», корхонаи истеҳсолии обҳои шифобахши «Ҳавотоғ», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Асри обод»-ро бо 8 коргоҳи истеҳсолӣ, бинои нави Прокуратура, шуъбаи маориф, инчунин ба таври фосилавӣ 2 муассисаи тандурустӣ, 1 бонк, 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 3 кӯдакистонро мавриди истифода қарор доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, гимназияи хусусӣ, 4 корхонаи истеҳсолӣ ва гармхона бо ҳавзҳои моҳипарвариро ба истифода доданд.

19 НОЯБР:

Рӯзи байналмилалии мардҳо.

***

Рӯзи соҳибкории занон.

***

Рӯзи даст кашидан аз тамокукашӣ.

РӮЙДОДҲО:

Дар ин рӯзи соли 2018 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 87-уми Ассамблеяи генералии «Интерпол» иштирок намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2019 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ся Жан аввалин луғати тоҷикӣ-чиниро барои телефони мобилӣ таҳия намуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1893 аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон дар рӯзномаи «Ню-Йорк Велд» замимаи ранга нашр гардид.

***

Соли 1969 Ҳукумати Гана аз кишвараш 500 ҳазор муҳоҷиронро хориҷ кард.

***

Соли 1969 футболбози бразилиягӣ Пеле голи 1000-уми худро зад.

***

Дар ин рӯзи соли 1987 нархи рекордии фурӯши автомобил ба миён омад, ки дар музояда автомобили тамғаи «Бугати Роял-1931» («Bugatti Royale-1931») 5,5 миллион доллар наргузорӣ шуд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Фирӯз Баҳор — соли 1942 — оҳангсози касбии тоҷик, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон (1991). Узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон.

Источник: АМИТ "Ховар"