Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 06.11.2026. /АМИТ «Ховар»/. 5 ноябр дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлия бахшида ба 32-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар конференсия Ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Собирзода Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз бузургтарин дастовардҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии даврони соҳибистиқлолӣ унвон намуд. Изҳор гардид, ки Конститутсияи мамлакат ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ на танҳо асосҳои сохтори давлат ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатиро муайян намуд, балки ормонҳои таърихии миллати тоҷикро дар самти бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ дар сатҳи конститутсионӣ таҳким бахшид.
«Маҳз тавассути ин санади тақдирсоз истиқлоли давлатӣ мазмуну муҳтавои устувори ҳуқуқӣ пайдо карда, муносибатҳои байни давлат ва ҷомеа, мақоми инсон ва шаҳрванд, принсипҳои ташкили ҳокимияти давлатӣ ва самтҳои асосии рушди низоми ҳуқуқии миллӣ дар заминаи арзишҳои эътирофшудаи конститутсионӣ муайян гардиданд»,-афзуд Исфандиёр Собирзода.
Гуфта шуд, ки агар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ масъалаҳои асосӣ ҳифзи давлатдорӣ, барқарор намудани сулҳу субот ва ташаккули низоми конститутсионӣ бошанд, имрӯз вазифаҳои муҳим аз баланд бардоштани сифати идоракунии давлатӣ, таъмини самаранокии қонунгузорӣ, густариши маърифати ҳуқуқӣ ва мутобиқ намудани механизмҳои ҳифзи ҳуқуқ ба талаботи ҷомеаи муосир иборат мебошанд.
Таъкид гардид, ки эҳтиром ба Конститутсия набояд танҳо дар баргузории чорабиниҳо ва ёдоварии дастовардҳои таърихӣ ифода ёбад. Он бояд ба меъёри фаъолияти ҳаррӯзаи мақомоти давлатӣ, асоси қабули қарорҳои ҳуқуқӣ ва ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа табдил ёбад. Зеро Конститутсия замоне қудрати воқеии худро нишон медиҳад, ки ҳар шаҳрванд ҳангоми амалӣ намудани ҳуқуқҳои худ ҳимояи қонунро эҳсос намояд, ҳар хизматчии давлатӣ масъулияти худро дар назди ҷомеа дарк кунад ва ҳар мақомоти давлатӣ фаъолияти худро дар доираи салоҳияти муқаррарнамудаи қонун ба роҳ монад. Маҳз дар ҳамин ҳолат арзишҳои конститутсионӣ аз матни санади олии ҳуқуқӣ ба воқеияти ҳаёти ҷамъиятӣ табдил ёфта, давлати ҳуқуқбунёд ҳамчун низоми амалкунандаи муносибатҳои ҳуқуқӣ таҳким меёбад.
АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон