Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид, ки то 12 октябр идома меёбад. Тавре ба АМИТ «Ховар»

ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид, ки то 12 октябр идома меёбад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин китобхона хабар доданд, дар даври аввали озмун аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 751 нафар ва аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 1328 нафар иштирок намуданд. Дар даври ҷамъбастии озмун беш аз 200 довталаб аз муассисаҳои миёна ва олии касбии мамлакат иштирок менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» соли сеюм аст, ки дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ибтикори Китобхонаи миллии Тоҷикистон байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ гузаронида мешавад.

Озмун бо мақсади гиромидошти таърихи пуршарафи халқи тоҷик, омӯзиши амиқ ва ҳамаҷонибаи корҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат ва таҳкими ваҳдати миллӣ, бунёди модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ ва омӯзиши ҳамаҷонибаи мактаби давлатдории Пешвои миллат баргузор мегардад.

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"