Файзиддин Қаҳҳорзода ва Лорд Ҷон Алдердайс самтҳои афзалиятноки соҳаҳои идоракунии молияи давлатӣ ва рақамикунониро баррасӣ намуданд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр дар шаҳри Душанбе Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Намояндаи тиҷоратии Ҳукумати Британияи Кабир дар Озарбойҷон ва Осиёи Марказӣ Лорд Ҷон Алдердайс ва
ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр дар шаҳри Душанбе Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Намояндаи тиҷоратии Ҳукумати Британияи Кабир дар Озарбойҷон ва Осиёи Марказӣ Лорд Ҷон Алдердайс ва Сафири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кэтрин Смиттон мулоқот намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо атрофи самтҳои афзалиятнок – рушди устувор, инфрасохтор, энергетика, идоракунии молияи давлатӣ, ҷалби сармоя, рушди рақамикунонӣ, бозори коғазҳои қиматнок ва дигар мавзуъҳои мавриди назар табодули афкор намуданд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон