Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 23.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 октябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Симпозиуми ҷамъбастии лоиҳаи iTAG-SATREPS ва Форуми муштараки SATREPS-и Осиёи Марказӣ бо иштироки доираи васеи олимону муҳаққиқони дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.

Дар ҳамоиш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кейко Фурута оид ба татбиқи ин лоиҳа ибрози назар намуданд.

Таъкид шуд, ки татбиқи лоиҳаи байналмилалии iTAG-SATREPS таҳти унвони «Ташкили низоми таъминоти декарбонидашудаи энергия бо истифода аз насосҳои гармии манбаи зеризаминӣ дар Тоҷикистон» намунаи равшани ҳамкории самараноки илмӣ ва технологӣ мебошад.

Лоиҳа дар доираи барномаи SATREPS бо иштироки Донишгоҳи Акита ва Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои рақамии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон амалӣ гардида, ба омӯзиши имконияти истифодаи гармии зеризаминӣ, рушди технологияҳои камкарбон ва баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ равона шудааст.

Давоми панҷ соли татбиқи лоиҳа олимону мутахассисони Тоҷикистону Ҷопон якчанд натиҷаҳои муҳими илмӣ ва амалӣ ба даст оварданд. Моделсозии обҳои зеризаминӣ ва интиқоли гармӣ анҷом дода шуда, имконияти истифодаи насосҳои гармии манбаи зеризаминӣ дар шароити шаҳри Душанбе мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. Дар асоси натиҷаҳои таҳқиқот харитаи иқтидори истифодаи гармии зеризаминӣ бо истифода аз усулҳои зеҳни сунъӣ таҳия гардида, арзёбии иқтисодии имконияти густариши ин технологияҳо низ анҷом дода шудааст.

«Яке аз дастовардҳои муҳим ба кор андохтани низоми намоишии насосҳои гармии манбаи зеризаминӣ дар бинои Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои рақамии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад. Инчунин дар Беморхонаи Мачитон иншооти намоишии дуюми ин низом насб гардид, ки имконият медиҳад татбиқи чунин технологияҳо дар шароити воқеии истифода мавриди омӯзиш қарор гирад.

Татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, аз ҷумла истифодаи насосҳои гармии манбаи зеризаминӣ метавонад ба баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ, сарфаи неруи барқ, коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ ва рушди иқтисоди «сабз» мусоидат намояд. Истифодаи чунин технологияҳо дар шароити Тоҷикистон барои таъмини рушди устувор, ҳифзи муҳити зист ва татбиқи усулҳои муосири истифодаи манбаъҳои алтернативии энергия имконияти нав фароҳам меорад»,-таъкид шуд дар симпозиум.

Дар идомаи симпозиум як зумра олимону муҳаққиқони дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ оид ба раванди татбиқи лоиҳаи байналмилалии iTAG-SATREPS, натиҷаҳои таҳқиқоти анҷомёфта, дастовардҳои илмӣ ва амалии он, инчунин дурнамои истифодаи технологияҳои муосири энергетикӣ маърузаи илмӣ намуданд. Масъалаҳои истифодаи самараноки энергияи гармии зеризаминӣ, имконияти татбиқи насосҳои гармӣ дар шароити иқлимии Тоҷикистон, моделсозии захираҳои обҳои зеризаминӣ, коҳиш додани истеъмоли неруи барқ ва амалӣ намудани технологияҳои камкарбон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"