Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ,28.10.2026/АМИТ «Ховар»/. Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ мавриди истифода қарор дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ бо мақсади беҳтар намудани шароити фаъолияти кормандони мақомоти гумрук, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва такмили расмиёти гумрукӣ бунёд гардидааст.
Дидбонгоҳ бо шароити муосири корӣ таъмин буда, ба низоми иттилоотии байналмилалии гумрукии АСИКУДА (ASYCUDA) тавассути интернети баландсуръат пайваст карда шудааст. Истифодаи имкониятҳои низоми мазкур барои такмили равандҳои барасмиятдарории гумрукӣ, мубодилаи фаврии иттилоот ва баланд бардоштани самаранокии хизматрасонӣ ба субъектҳои минтақа мусоидат менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки рушди инфрасохтори Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб», бунёди иншооти нави истеҳсолӣ ва такмили хизматрасониҳои гумрукӣ ба ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, рушди соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва содагардонии расмиёти гумрукӣ мусоидат менамояд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон