Сафири Тоҷикистон бо вазири авқофи Кувайт мулоқот намуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо Вазири авқоф ва умури исломии Давлати Кувайт Муҳаммад Иброҳим Ал-Васмӣ вохӯрӣ намуд. Тавре ба

ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо Вазири авқоф ва умури исломии Давлати Кувайт Муҳаммад Иброҳим Ал-Васмӣ вохӯрӣ намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар заминаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуда, дар бораи роҳҳои таҳким ва тавсеаи робитаҳо байни ниҳодҳои дахлдори ду мамлакат табодули назар доир шуд.

Ҷонибҳо бо ишора ба аҳаммияти пойбандӣ ба усули миёнаравӣ ва эътидол дар ислом бар зарурати густариши ҳамкорӣ дар заминаи амалисозии тарҳҳо ва ибтикорҳои хайрия, баргузории ҳамоишу конфронсҳои муштараки илмӣ, муаррифии саҳму нақши донишмандони тоҷики Варорӯд дар ғанисозии тамаддуни исломӣ ва ғайра таъкид карданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

Источник: АМИТ "Ховар"