«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 28.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб-2026» аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб» ба шаҳру ноҳияҳои мамлкат оғоз гардид. Дар доираи ин иқдом ба китобхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 6 ҳазору 226 нусха китоб аз рӯйи 40 номгӯй, аз ҷумла осори адибони классикӣ ва муосир, адабиёти илмӣ, бадеӣ ва бачагона ба таври ройгон тақдим мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Корвони китоб-2026» аз 26 октябр то 6 ноябри соли 2026 дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон сафарбар мегардад. Ин иқдом дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи фарҳанг ва санъат барои солҳои 2026–2030” роҳандозӣ гардида, ба тарғиби китобхонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» аз соли 2007 инҷониб ташкил гардидааст. Ин иқдом бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи барномаҳои давлатии рушди фаъолияти китобдорӣ рӯи кор омадааст. Ҳадафи асосии он ҳар сол ба таври ройгон дастрас намудани китобҳои тозанашр ба китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат, бахусус минтақаҳои дурдаст мебошад.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"