Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» таҳти роҳбарии директори муассиса Рамазон Одиназода бо мақсади таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва фароҳам овардани имконияти нави таҳсил барои ҷавонони Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» таҳти роҳбарии директори муассиса Рамазон Одиназода бо мақсади таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва фароҳам овардани имконияти нави таҳсил барои ҷавонони Тоҷикистон ба Ҷопон сафар намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» хабар медиҳад.

Дар доираи сафар намояндагони Марказ дар шаҳри Осака бо фаъолияти Муассисаи фарҳангии АКК (AKK Cultural Institute), инчунин имконияту шароити таълимӣ, раванди омӯзиши забони ҷопонӣ ва низоми омодасозии шаҳрвандони хориҷӣ барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷопон шинос шуданд.

Муассисаи фарҳангии АКК яке аз муассисаҳои таълимии Ҷопон буда, ба омӯзиши забони ҷопонӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ ва омодасозии онҳо ба таҳсил дар донишгоҳҳо ва муассисаҳои касбии ин кишвар машғул мебошад. Дар муассиса зиёда аз 600 нафар ба омӯзиши забони ҷопонӣ фаро гирифта шудаанд. Барои донишҷӯёни хориҷӣ дар самти идомаи таҳсил, гирифтани раводиди таҳсилӣ ва мутобиқшавӣ ба муҳити таълимии Ҷопон низ имконоти дахлдор фароҳам оварда шудаанд.

Зимни вохӯрии роҳбарони муассисаҳо масъалаҳои ба роҳ мондани омӯзиши забони ҷопонӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ», ҷалби омӯзгорони ҷопонӣ барои таълими забон, омодасозии довталабон барои идомаи таҳсил дар Ҷопон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои дастрасии ҷавонони тоҷик ба имконоти таҳсилӣ дар ин давлат баррасӣ гардиданд.

Дар идомаи вохӯрӣ байни Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ва дастгирии донишҷӯёни тоҷик дар самти таҳсил дар Ҷопон ба имзо расонида шуд.

Тибқи созишнома, Маркази барномаҳои байналмилалӣ ҳамчун ҷониби масъул барои пешбурди раванди таҳсил дар хориҷи кишвар ва татбиқи барномаҳои байналмилалии таълимӣ барои ҷавонони Тоҷикистон фаъолият менамояд. Ҷониби Ҷопон дар самти омӯзиши забони ҷопонӣ, омодасозии довталабон ва дастгирии донишҷӯёни хориҷӣ ҳангоми таҳсил дар Ҷопон ҳамкорӣ хоҳад кард.

Татбиқи ин ташаббус барои ҷавонони Тоҷикистон имконияти нави омӯзиши забони ҷопонӣ, омодагӣ ба таҳсил дар муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии Ҷопон ва рушди ҳамкории мустақими таълимиро фароҳам меорад.

АКС: Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»

Источник: АМИТ "Ховар"