Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 29.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа (ITU) барои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Пайвастагии универсалӣ, пурмазмун ва дастрас барои ояндаи рақамии
ДУШАНБЕ, 29.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа (ITU) барои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Пайвастагии универсалӣ, пурмазмун ва дастрас барои ояндаи рақамии фарогир ва устувор» ба кор оғоз намуд, ки то 30 сенябр идома меёбад, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Форум аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ Иттиҳоди байналмилалии алоқа ташкил гардида, дар кори кори он намояндагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, бахши хусусӣ, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, шарикони рушд ва муассисаҳои молиявӣ иштирок доранд.
Зимни форум масъалаҳо оид ба рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, тавсеаи дастрасӣ ба интернет ва инфрасохтори рақамӣ, рушди технологияҳои навин, таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва фароҳам овардани имконияти баробар барои истифодаи технологияҳои рақамӣ баррасӣ карда мешаванд.
Яке аз ҳадафҳои асосии форум муҳокимаи раванди татбиқи ташаббусҳои минтақавии Конфронси умумиҷаҳонии рушди телекоммуникатсия дар минтақаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.
Дар доираи форум ҷаласаҳои «Partner2Connect» баргузор мегарданд, ки ба мутобиқ намудани ниёзҳои мушаххаси кишварҳо ва минтақа ба уҳдадориҳои молиявӣ ва сармоягузорӣ дар самти рушди рақамӣ равона шудаанд.
Дар доираи форум ҳамзамон ҷаласаи 66-уми Шурои вазирони Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ва ҷаласаи 33-юми Шурои ҳамоҳангсозии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба иттилоотонӣ баргузор мешаванд.
Пешниҳодҳо ва мавқеи ҷонибҳои манфиатдор оид ба рушди ҳамкории рақамӣ ҷамъоварӣ гардида, натиҷаҳои муҳокимаҳо дар гузориши ниҳоии чорабинӣ инъикос меёбанд.
Моҳинави НАВРӮЗ, АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»