МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 04.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар таркиби меваи санҷид  витамини C ва антиоксидантҳо бештар буда, барои пешгирии бемории зуком, сулфа ва шамолхӯрӣ фоидаовар мебошад. Инчунин бӯидани гули санҷид ба инсон фараҳ

ДУШАНБЕ, 04.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар таркиби меваи санҷид  витамини C ва антиоксидантҳо бештар буда, барои пешгирии бемории зуком, сулфа ва шамолхӯрӣ фоидаовар мебошад. Инчунин б ӯидани гули санҷид ба инсон фараҳ меоварад, дил ва майнаро қувват мебахшад . Дар таркибии меваи он 46-65 фоиз қанд, 1,3 фоиз кислота ва витамини С мавҷуд аст. Чунин тавсия медиҳад мутахассисони соҳи тиб.

Дарахти санҷид аз 5 то 12 метр баланд мешавад. Гулаш зангӯлашакл, зард, хушбӯй, сершаҳд ва аз равғани эфир бой мебошад. Мевааш аз пӯст, ордаки ширин ва донак иборат аст. Меваи он моҳи  сентябр ва октябр мепазад.

Мутахассисони соҳаи тиб иброз медоранд, ки истеъмоли он барои дарди сар муфид аст, сурфаи гармро таскин медиҳад, неруи нигаҳдорандагии меъдаро меафзояд, иллати қай карданро таскин медиҳад. Истеъмоли санҷиди хом исҳолро манъ мекунад.

Абуалӣ ибни Сино таъкид намудааст, ки бӯйидани гули санҷид ва истифодаи равғани он, (ки аз гулаш тайёр карда мешавад), асабҳоро қувват медиҳад, дарди сари зукомро рафъ мекунад ва барои таскини дарди буғумҳо (ревматизм) фоидаовар аст.

Агар барги санҷидро ба ҷароҳат ва захмҳо гузошта банданд, онҳоро пок месозад. Молидани равғани санҷид барои буғум ва пайвандҳои бадан, суст ва нотавон гаштани аъзо даво мебошад, мӯйро дароз мекунад. Бинобар сабаби доштани хосияти қабзкунандагӣ санҷид барои табобати исҳол (дарунравӣ) ва дигар бемориҳои илтиҳобии рӯдаву меъда давои беҳтарин аст. Таҳқиқот нишон медиҳанд, ки санҷид дар коҳиш додани дарди артрози зону ва дигар бемориҳои буғумҳо ҳатто аз баъзе доруҳои таскинбахш таъсирноктар аст. Аз сабаби бой будан аз витамини C ва антиоксидантҳо баданро аз зуком, сурфа ва шамолхӯрӣ муҳофизат мекунад.

Санҷид хосияти пешобронӣ дорад, ки барои хориҷ кардани моеъи зиёдатӣ аз бадан ва муътадил кардани фишори баланд кумак мерасонад. Инчунин рагҳои хунгард ва кори дилро устувор мекунад. Истеъмоли он ба паст кардани стресс, хастагии музмин ва беҳтар шудани хоб ёрӣ мерасонад. Дар тиб барои табобати сурфа ва шамолхӯрӣ на танҳо худи мева, балки обҷӯши гул ва барги дарахти санҷид низ васеъ истифода мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Источник: АМИТ "Ховар"