ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 сентябр, сешанбе, 272-юмин рӯзи соли 2026 аст
АМИТ "Ховар" ·
29 сентябри соли 2013 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Шугноби ноҳияи Ховалинг мактаб-интернат барои 320 хонанда бо хобгоҳ ва хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорон мавриди
29 сентябри соли 2013 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Шугноби ноҳияи Ховалинг мактаб-интернат барои 320 хонанда бо хобгоҳ ва хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорон мавриди истифода қарор дода шуд.
***
29 сентябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Амрико дар мубоҳисоти умумии Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ ва диққати аҳли сайёраро ба ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии умумибашарӣ ҷалб намуданд.
***
29 сентябри соли 2016 дар Қасри Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Николай Бордюжа мулоқот намуданд.
29 СЕНТЯБР:
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ
***
Рӯзи байналмилалии огоҳӣ дар бораи талаф ва исрофи маводи ғизоӣ
***
Рӯзи ҷаҳонии дил.
***
Дар Ҷумурии Исломии Эрон — Рӯзи хадамоти оташнишонӣ
РӮЙДОДҲО:
29 сентябри соли 1829 дар шаҳри Лондон бо фармони Вазири вақти корҳои дохилии ин шаҳр Роберт Пиля политсияи гражданӣ таъсис дода шуд.
***
29 сентябри соли 1926 ноҳияҳои Айнӣ, Ашт ва Нов (ҳозира Спитамен) ташкил ёфтанд.
***
Дар ин рӯзи соли 1973 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Мексика зиёда аз 700 нафар ба ҳалокат расиданд.
***
29 сентябри соли 2011 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ҳавопаймои нави худ — «Боинг 737-900»-ро муаррифӣ намуд, ки он дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нав пайдо шуда буд.
***
29 сентябри соли 2015 ба будубоши дивизияи 201-уми ҳарбии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон 70 сол пур шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 бинои нави Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Расул Боқиев –соли 1982 — Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон 2007 дар Рио-де-Жанейро, ғолиби Ҷоми ҷаҳон (2007, 2010, 2011 ва 2012). Устоди варзиши Тоҷикистон.