Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрӣ намуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз вохӯрии гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки барои иштирок дар ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид
ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз вохӯрии гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки барои иштирок дар ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба шаҳри Душанбе омадаанд, баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Ҳадафи вохӯрӣ баррасии вазъи муносибатҳои дуҷониба дар доираи Ассамблеяи парламентии Осиё ва муайян намудани роҳҳои минбаъдаи таҳкими ҳамкории байнипарлумонӣ арзёбӣ гардид.
Иброз гардид, ки Тоҷикистон иштироки фаъоли Ҷумҳурии Мардумии Чинро дар фаъолияти Ассамблеяи парламентии Осиё истиқбол намуда, омода аст минбаъд низ дар доираи ин сохтори муҳимми парламентӣ ва дигар сохторҳои байналмилалӣ бо ҷониби Чин ҳамкории созанда дошта бошад.
Таъкид шуд, ки гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ дар рушди табодули байнипарлумонӣ, густариши ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳкими дӯстии байни халқҳои Тоҷикистон ва Чин нақши боз ҳам созанда ва мусбат хоҳад дошт.
Ҳамкории байнидавлатии Тоҷикистон ва Чин бар пояи эътимод, эҳтироми мутақобил ва баробарӣ бунёд ёфтаанд. Бо шарофати иродаи сиёсии роҳбарони ду давлат ин муносибатҳо пайваста рушд намуда, ба сӯи оянда равон мебошанд.
Муносибатҳои дӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барои рушди минбаъдаи робитаҳои дуҷониба заминаи устувор фароҳам оварданд. Муколамаи байнипарлумонӣ, фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ, ҳамкории кумитаҳои соҳавӣ, табодули таҷрибаи қонунгузорӣ, инчунин сафарҳои мутақобили вакилони парламент метавонанд ба муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо неруи тоза бахшанд.
«Ҳамкории байнипарлумонӣ бояд ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод, густариши робитаҳо байни кишварҳои мо ва мусоидат ба татбиқи тавофуқоти дар сатҳи олӣ бадастомада равона гардад»,–иброз гардид дар вохӯрӣ.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон