Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 18.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии ҷумҳуриро 11 ҳазору 550 нафар хонанда хатм намуданд,ки нисбат ба соли 2025 2 ҳазору 706 нафар зиёд мебошад. Агар соли 2025 шумораи хатмкунандагони дорои дипломи «аъло» 144 нафарро ташкил дода бошад, соли 2026 ин рақам ба 211 нафар расидааст. Ин натиҷа аз боло рафтани сатҳи омодагии як қисми хонандагон шаҳодат медиҳад.
Тавре сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қурбонзода изҳор дошт, афзоиши шумораи хатмкунандагон аз густариши фарогирии ҷавонон ба касбомӯзӣ ва омодасозии кадрҳои коргарӣ дарак медиҳад.
«Барои иқтисоди миллӣ, ки ба рушди истеҳсолот, хизматрасонӣ, сохтмон, кишоварзӣ, энергетика ва дигар соҳаҳо ниёз дорад, тайёр намудани мутахассисони дорои касбу ҳунар аҳамияти муҳим дорад. Аз ин рӯ, натиҷаи фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бояд танҳо бо шумораи хатмкунандагон чен карда нашавад. Сифати дониш, сатҳи малакаҳои амалӣ, мутобиқати ихтисос ба талаботи бозори меҳнат ва имкони пайдо намудани шуғли муносиб аз нишондиҳандаҳои муҳими самаранокии низоми касбомӯзӣ ба ҳисоб мераванд»,- афзуд Файзиддин Қурбонзода.
Яке аз нишондиҳандаҳои муҳим дар арзёбии натиҷаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ идомаи таҳсили хатмкунандагон мебошад. Аз шумораи умумии хатмкунандагон 3 ҳазору 693 нафар ба донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳо дохил шуда, таҳсили худро идома додаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 6 фоиз зиёд мебошад. Рушди чунин тамоюл нишон медиҳад, ки барои қисми назарраси ҷавонон гирифтани касби коргарӣ марҳилаи ниҳоии таҳсил набуда, имкони идомаи таҳсил ва боло бурдани сатҳи тахассусии онҳо низ ба вуҷуд меояд.
Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки «дар баробари ин, яке аз масъалаҳои асосӣ ин вазъи шуғли хатмкунандагон мебошад. Омӯзиши нишондиҳандаҳои соли 2026 нишон медиҳад, ки аз 11 ҳазору 550 нафар хатмкунанда 8 ҳазору 488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд. Ҳамзамон 3 ҳазору 62 нафар дар ҷустуҷӯи кори муносиб қарор доранд. Ин рақамҳо аҳамияти таҳкими робитаи мустақими муассисаҳои таълимӣ бо бозори меҳнатро нишон медиҳанд».
Айни замон муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 620 ташкилоту корхона дар самти гузаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва мусоидат ба бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон ҳамкорӣ доранд. Ин заминаи муҳим барои пайвастани таълим бо истеҳсолот ва ташаккули малакаҳои амалии хонандагон мебошад.
Таҷрибаомӯзӣ ба хонанда имконият медиҳад, ки донишҳои назариявии дар муассисаи таълимӣ гирифтаашро дар муҳити воқеии меҳнат санҷад, бо таҷҳизоту технологияҳои истеҳсолӣ шинос шавад ва хусусиятҳои фаъолияти касбии ояндаи худро беҳтар дарк намояд. Бо вуҷуди ин, самаранокии чунин ҳамкорӣ метавонад бештар шавад, агар муносибати муассисаи таълимӣ ва корфармо аз таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ фаротар равад. Яъне, корхонаҳо ва ташкилотҳо бояд дар муайян намудани талаботи бозори меҳнат, таҳияи барномаҳои таълимӣ, муайян кардани ихтисосҳои зарурӣ, ташкили таҷрибаомӯзӣ ва қабули хатмкунандагон ба кор бештар ҷалб карда шаванд. Чунин ҳамкорӣ имконият медиҳад, ки мазмун ва самти касбомӯзӣ ба талаботи воқеии иқтисодиёт наздиктар гардад.
Масъалаи дигаре, ки дар ин раванд аҳамияти калон дорад пайгирии сарнавишти хатмкунандагон мебошад, -гуфт Файзиддин Қурбонзода ва шарҳ дод, ки муассисаҳои таълимӣ бояд маълумоти дақиқ дошта бошанд, ки хатмкунанда баъди хатми таҳсил ба кадом роҳ рафтааст: таҳсилро идома медиҳад, ба кор даромадааст, ба хизмати ҳарбӣ рафтааст, ба муҳоҷират рафтааст ё ҳанӯз дар ҷустуҷӯи кор қарор дорад. Ташкили махзани ягонаи маълумот дар бораи хатмкунандагон метавонад барои чунин мониторинг заминаи муассир фароҳам оварад. Дар ин маврид муассисаҳо метавонанд самаранокии воқеии омодасозии кадрҳоро арзёбӣ намоянд.
Ба андешаи Файзиддин Қурбонзода, барои беҳтар намудани вазъи шуғли хатмкунандагон тақвияти ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бахши хусусӣ, соҳибкорон ва корфармоёни калон муҳим мебошад. Хусусан ҳангоми муайян намудани ихтисосҳои барои минтақа зарурӣ бояд вазъи бозори меҳнат, имкониятҳои истеҳсолӣ ва дурнамои рушди иқтисодии маҳал ба инобат гирифта шавад. Агар самти омодасозии кадрҳо бо талаботи воқеии минтақа мувофиқ бошад, имкони пайдо кардани ҷойи кор барои хатмкунанда низ бештар мегардад. Дар ин замина, рушди малакаҳои иловагии касбӣ низ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Бозори меҳнат аз хатмкунанда танҳо доштани дипломро талаб намекунад.
Қобилияти истифодаи технологияҳои муосир, риояи интизоми меҳнат, малакаи муошират, масъулиятшиносӣ, кор дар гурӯҳ ва омодагӣ ба омӯзиши технологияҳои нав аз сифатҳое мебошанд, ки рақобатпазирии ҷавонро дар муҳити касбӣ баланд мебардоранд. Аз ин рӯ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бояд ба ташаккули чунин малакаҳо низ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Натиҷаҳои соли 2026 нишон медиҳанд, ки низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар самти омодасозии кадрҳои коргарӣ қадамҳои муайян гузошта истодааст. Афзоиши шумораи хатмкунандагон, зиёд шудани теъдоди соҳибони дипломи «аъло» ва боло рафтани ҳиссаи хатмкунандагоне, ки таҳсили худро идома медиҳанд, нишондиҳандаҳои муҳими ин раванд мебошанд. Дар баробари ин, 26,5 фоизи хатмкунандагони дар ҷустуҷӯи ҷойи кор қарордошта зарурати идомаи корҳои муштаракро дар самти шуғли ҷавонон нишон медиҳад.
«Ҳамин тавр, натиҷаи асосии фаъолияти муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ бояд дар пайванди се унсур — дониш, касб ва шуғл арзёбӣ гардад. Хатмкунанда бояд дорои дониши зарурӣ, малакаи амалии касбӣ ва имкони ворид шудан ба бозори меҳнат бошад. Таҳкими робитаи муассисаҳои таълимӣ бо корфармоён, мониторинги минбаъдаи хатмкунандагон, мутобиқ намудани ихтисосҳо ба талаботи иқтисодиёт ва рушди малакаҳои амалии ҷавонон метавонанд барои беҳтар гардидани ин нишондиҳандаҳо заминаи устувор фароҳам оваранд»,-тазаккур дод Файзиддин Қурбонзода.
Раъно НУСРАТУЛЛО, АМИТ «Ховар»
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон