Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 28.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Кавилмадам Рамасвами Парвати мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид мубодилаи афкор намуданд.

Мусоҳибон ҳамчунин масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар Тоҷикистон ва роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар самтҳои гуногунро мавриди баррасӣ қарор доданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"