Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 06.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати кормандони намояндагии дипломатӣ, намояндагони вазорату идораҳои мамлакат дар Русия, ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» дар Русия хабар медиҳад.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода иброз намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси замина ва қонуни бунёдии давлат масири ҷомеаи демократӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ташаккули сохторҳои ҳокимиятро муайян сохта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кафили татбиқи ин санад ва арзишҳои он мебошанд.
Роҳбари Намояндагӣ инчунин гуфт, ки Конститутсия Тоҷикистонро ба ҷаҳониён ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуда, забон ва дигар рамзҳои давлатиро муайян кард, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ ва халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.
Ҳамчунин донишҷӯён дар мавзуъҳои «Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ», «Дипломатияи обии Ҷумҳурии Тоҷикистон: натиҷаҳо ва дастовардҳо» ва «Саҳми занон дар ташаккул ва рушди низоми миллии маорифи Тоҷикистон дар 35 соли соҳибихтиёрӣ» маъруза намуданд.
Дар фарҷом донишҷӯёни фаъол бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия