ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 октябр, чоршанбе, 287-умин рӯзи соли 2026 аст

АМИТ "Ховар" ·

14 октябри соли  2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар намуданд. *** 11 сол пеш,

14 октябри соли  2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар намуданд.

***

11 сол пеш, 14 октябри соли 2015 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи таҷлили Рӯзи соҳибкорон Форуми байналмилалии соҳибкорӣ таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор» баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

14 октябри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони соҳаи саноати мамлакат суханронӣ намуданд.

***

14 октябри соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти обқабулкунаки доимии Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд.

***

14 октябри соли 2021 дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

14 октябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар доираи ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия» бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд.

***

14 октябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Ваҳдати пойтахт дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест — 2025» иштирок ва суханронӣ намуданд.

14 ОКТЯБР:

Дар Тоҷикистон- Рӯзи соҳибкорон.

***

Рӯзи ҷаҳонии стандартикунонӣ.

***

Дар Беларус- Рӯзи Модар.

***

Дар Русия- Рӯзи кормандони мамнуъгоҳҳо.

РӮЙДОДҲО:

14 октябри соли 1851 дар Англия Агентии иттилоотии «Рейтер» ташкил ёфт.

***

14 октябри соли 1901 яке аз бузургтарин садамаҳои баҳрии асри ХХ ба вуқуъ пайваст: дар ҳавои ноустувор дар Байкал киштии «Потапов» ғарқ шуд, ки бар асари он тақрибан 200 нафар ҳалок шуданд.

***

14 октябри соли 1905 дар шаҳри Париж Федератсияи байналмилалии аэронавтика таъсис дода шуд.

***

14 октябри соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Узбекистон ташкил ёфт.

***

14 октябри соли 2003 дар Душанбе бозиҳои V Осиёи Марказӣ оғоз гардиданд, ки дар онҳо беш аз 700 варзишгар аз кишварҳои минтақа иштирок намуданд.

***

14 октябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқа ба истифода дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2025 дар доираи баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» дар «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт Намоишгоҳи молу маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2015 дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» -и шаҳри  Душанбе сеюмин Намоишгоҳи байналмилалии кишоварзӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ ва бандубастшуда — Agrofood-2015 баргузор гардид.

Источник: АМИТ "Ховар"