Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид

АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 11.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр дар шаҳри Душанбе байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи назорат ва мубориза бо коррупсияи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд, санад дар доираи ташрифи ҳайати расмии Кумитаи назорат ва мубориза бо коррупсияи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон барои иштирок дар Форуми II байналмилалии зиддикоррупсионии Душанбе таҳти унвони «20 соли фаъолияти мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия: дастовардҳо ва дурнамо» ба имзо расонида шуд.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки тавсиаи ҳамкории мутақобили судманд ва тақвияти фаъолияти якҷоя дар самти муқовимат ба коррупсия ба таҳкими бештари муносибатҳои дӯстонаи ду давлат ва коҳиши ин зуҳурот такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Таъкид шуд, ки натиҷаҳои он ба рушди пайвастаи робитаҳои байналмилалии мақомот дар самти муқовимат ба коррупсия заминаи устувор мегузоранд.

Ёдовар мешавем, ки 12 ноябр дар шаҳри Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионии Душанбе таҳти унвони «20 соли фаъолияти мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовард ва дурнамо» ва 13 ноябр Конфронси сеюми солонаи иштирокчиёни Платформаи минтақавӣ оид ба тезонидани раванди татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ баргузор мегарданд.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"