Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 11.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд сохтмони иншоот вусъати тоза мегирад. Дар деҳаи Равоти шаҳр дар масоҳати 5 гектар сохтмони нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ ба нақша
ДУШАНБЕ, 11.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд сохтмони иншоот вусъати тоза мегирад. Дар деҳаи Равоти шаҳр дар масоҳати 5 гектар сохтмони нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Дар ин мавзеи хушбоду ҳаво қисмати аввали корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст . Ба масъулон тавсия дода шуд, ки дар баробари бунёди минтақаи истироҳатӣ ҳавзҳои моҳипарварӣ низ созанд. Зеро Тоҷикистон дорои табиати нотакрор ва мавзеъҳои дорои иқтидори баланди сайёҳӣ буда, истифодаи самараноки чунин имконият ба рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ ва муаррифии шоистаи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Инчунин дар Ҷамоати деҳоти Патар аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ коргоҳи бастубанди меваи хушк бунёд карда мешавад. Баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ коргоҳ бо таҷҳизоти муосир таъмин шуда, барои коркард ва бастубанди меваҳои маҳаллӣ ба фаъолият оғоз мекунад. Бунёди чунин коргоҳҳо барои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозори дохилӣ ва густариши содироти маҳсулоти ватанӣ ба кишварҳои хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як моҳ то 120 тоннаро ташкил дода, баъди ба фаъолият оғоз намудани он 30 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.
Ҳамзамон корҳои сохтмонӣ ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизот дар корхонаи истеҳсоли оҳани Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бодом» идома доранд. Коргоҳ пурра таҷдиду навсозӣ гардида, бо ворид намудани дастгоҳу таҷҳизоти муосир хатҳои нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз мекунанд. Таҷҳизоти зарурӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шуда, дар коргоҳ истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ барои корхонаҳои коркарди маъдан ва пойгоҳҳои обкашӣ амалӣ мегардад. Дар ин коргоҳ истеҳсоли зиёда аз 50 номгӯй маҳсулоти тайёр ба нақша гирифта шудааст, ки ивазкунандаи маҳсулоти воридотӣ хоҳад буд. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, талабот ба ин намуди маҳсулот дар бозори дохилӣ зиёд мебошад.
Коргоҳ аз се сех — рехтагарӣ, кафшергарӣ ва механикӣ иборат буда, иқтидори истеҳсолии он коркарди то 50 тонна оҳанро ташкил медиҳад. Роҳбарият ният доранд, ки марҳилаи аввали коргоҳро соли 2026 ба истифода диҳанд. Бо оғози фаъолияти он 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Дар шаҳри Конибодом ҳамчунин таҷдиду навсозии бинои иловагии Коллеҷи тиббӣ идома дорад. Бинои иловагӣ дорои 22 синфхонаи таълимӣ, 21 ҳуҷраи корию маъмурӣ, дигар утоқҳои ёрирасон ва майдончаи варзишии болопӯшида буда, пас аз анҷоми сохтмон дар он барои таҳсили донишҷӯён шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Коллеҷи тиббӣ яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, аз рӯйи 9 ихтисос мутахассис омода мекунад. Дар муассисаи таълимӣ 1300 донишҷӯ таҳсил дошта, ба онҳо зиёда аз 100 омӯзгор дарс мегӯянд.
Ба истифода додани бинои иловагӣ имкон медиҳад, ки сарбории биноҳои мавҷудаи коллеҷ коҳиш ёфта, шароити таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони соҳаи тиб беҳтар карда шавад.
Дар баробари ин дар шаҳри Конибодом мумфаршкунии кӯчаи Абдулло Мумин оғоз гардидааст. Масофаи умумии роҳи мумфаршшаванда зиёда аз 1,7 километрро ташкил дода, он бо ташаббуси сокинон мумфарш мегардад. То имрӯз корҳои ҳамворкунӣ ва таҳкурсии роҳ ба анҷом расида, масъулон тасмим гирифтаанд, ки корҳои роҳсозиро дар муҳлати кӯтоҳ пурра ба итмом расонанд. Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Конибодом аз аввали соли 2026 то имрӯз дар шаҳр дар масофаи беш аз 90 километр роҳ таъмири асосӣ гузаронидааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд