Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад

АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 26.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 27 октябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷиҳати иштирок дар ҷаласа имрӯз ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Нурлибек Налибаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад.

Интизор меравад, ки дар ҷаласаи 20 –уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон маҷмӯии васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ гардида, санадҳои дахлдор ба имзо расанд.

Ҳамзамон дар назар аст, ки ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Қазоқистон дар доираи ҷаласаи 20 –уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Душанберо тамошо намуда, инчунин бо фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе шинос гарданд.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ 8 августи соли 2025 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуда буд, ки дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода иштирок намуд.

Марзия САИДЗОДА, АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Источник: АМИТ "Ховар"