Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 20.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 октябр Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Рошид Ал-Амирӣ мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи ҳуқуқӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Таваҷҷуҳи хосса ба масъалаҳои муборизаи муштарак бар зидди ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ зоҳир карда шуд.
Зарурати таҳкими заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии байни ду кишвар, табодули иттилооти оперативӣ ва таҷрибаи пешқадам, инчунин гузаронидани машваратҳои кории муштарак ва семинарҳо таъкид гардид.
Ҷонибҳо барои густариши бештари муколамаи созанда ва мустаҳкам намудани робитаҳои мустақим байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду мамлакат ба хотири таъмини амният ва волоияти қонун изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон