Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон  Илҳом Абдураҳмон бо раис ва директори иҷроияи Гурӯҳи «Caspian Energy Club» Телман Алиев мулоқот кард. Тавре ба

ДУШАНБЕ, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон  Илҳом Абдураҳмон бо раис ва директори иҷроияи Гурӯҳи «Caspian Energy Club» Телман Алиев мулоқот кард.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон  хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондани робитаҳои мустақим байни  соҳибкорон ва ширкатҳои ду мамлакат, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, тавсеаи иштироки бахши хусусӣ дар ҳамкории иқтисодии дуҷониба, инчунин густариши ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Озарбойҷонро баррасӣ намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон

Источник: АМИТ "Ховар"