ТАВСИЯИ МУФИД. Барои хуб нашъунамо ёфтани гул дар шароити хона интихоби хок омили асосӣ аст

АМИТ "Ховар" ·

ТАВСИЯИ МУФИД. Барои хуб нашъунамо ёфтани гул дар шароити хона интихоби хок омили асосӣ аст

ДУШАНБЕ, 25.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити хона парварши кардани гул машғулияти дӯстдоштаи аксар занону духтарон мебошад. Вале на ҳама занону духтарон аз уҳдаи парвариши дурусти он мебароянд. Нигоҳубини дурусти растаниҳо, интихоби ҷойи мувофиқ, риояи реҷаи обёрӣ ва таъмини рӯшноии зарурӣ аз омилҳои асосии нашъунамои хуби онҳо ба шумор мераванд. Аз ин рӯ қоидаҳои асосии парвариши гулу растаниҳоро дар хона бояд риоя намуд.

–Мутахассисон иброз медоранд, ки ҳавои хона дар парвариши гулу растаниҳо нақши муҳим дорад. Аммо масъалаи аз ҳама муҳим дар парвариши гул- ин интихоби хок мебошад. Хок агар беҳосил бошад, растанӣ ба таври дилхоҳ нашъу намо карда наметавонад.

Гулу растаниҳоро вобаста ба шароити хона интихоб кардан зарур аст. Барои ин шумо бояд намудҳои растанӣ ва хусусияти онҳоро донед. Парвариши гулу растаниҳои ороишӣ дар шароити хона на танҳо ба зебоии муҳити зист мусоидат мекунад, балки барои фароҳам овардани фазои мусоиду дилнишин низ аҳамияти муҳим дорад.

Мутахассисони соҳаи гулпарварӣ таъкид мекунанд, ки ҳар растанӣ хусусият ва талаботи хоси худро дорад. Аз ин рӯ, пеш аз парвариши гул дар хона бояд ба навъи он, шароити муҳити зист ва қоидаҳои нигоҳубинаш таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Масалан, ҳангоми кӯчонидани гул бояд андозаи тубак ба ҳаҷми решаҳои он мувофиқат кунад. Тубаки аз ҳад калон метавонад боиси дер хушк шудани хок ва зиёд шудани хатари пӯсидани решаҳо гардад. Аз ин рӯ интихоби тубаки мувофиқ ва мавҷудияти сӯрохиҳои обгузар аҳамияти калон дорад.

Одатан растаниҳои хонагӣ дар фасли баҳор, ҳангоми оғози давраи фаъоли нашъунамо кӯчонида мешаванд. Аммо зарурати кӯчонидан аз ҳолати решаҳо, сифати хок ва хусусияти навъи растанӣ вобаста мебошад.

Мутахассисон таъкид мекунанд, ки обёрии аз ҳад зиёд яке аз сабабҳои маъмули сустшавии нашъунамои растаниҳои хонагӣ мебошад. Тавсия дода мешавад, ки пеш аз об додан бояд намнокии хок санҷида шавад. Растаниҳои сукулентӣ (растаниҳое, ки дорои баргҳо ё пояҳои ғафси гӯштӣ буда, қобилияти дар худ захира кардани обро доранд), аз ҷумла гули сабр (алоэ) ба обёрии камтар ниёз дорад, дар ҳоле ки баъзе гулҳои баргашон нозук ва растаниҳои намидӯст ба обёрии мунтазам эҳтиёҷ доранд.

Ҳамчунин бояд дар назар дошт, ки на ҳама гулҳо нури мустақими офтобро таҳаммул мекунанд. Баъзе растаниҳо дар ҷойҳои равшан бо нури паҳншуда беҳтар месабзанд. Аз ин рӯ ҷойгир кардани гулҳо бояд бо назардошти талаботи ҳар навъ анҷом дода шавад.

Гули сабр (алоэ)– растании нигоҳубинаш осон

Гули сабр (алоэ) яке аз растаниҳои паҳншудаи хонагӣ ба ҳисоб меравад. Ин гул дар баргҳои ғафси худ об захира мекунад, аз ин рӯ нисбат ба бисёр растаниҳо ба об камтар ниёз дорад.

Ба тавсияи мутахассисон, барои парвариши хуби ин гул онро дар ҷойи равшан гузоштан мувофиқ аст. Ҳамзамон растаниро аз таъсири сармои шадид ва шамоли хунук муҳофизат кардан зарур мебошад. Ҳангоми об додан ба гул бояд ба ҳолати хок диққат дода шавад. Гули сабрро танҳо баъди пурра хушк шудани хоки кӯза об додан лозим аст. Об додани аз ҳад зиёд боиси пӯсидани решаҳо ва суст шудани нашъунамои растанӣ мегардад. Аз ин рӯ истифодаи тубаки дорои сӯрохиҳои обгузар ва хоки сабуки махсус барои инкишофи гул аҳамияти муҳим дорад.

Мутахассисон ҳамчунин тавсия медиҳанд, ки дар фасли зимистон вобаста ба ҳарорати хона ва суръати хушкшавии хок бояд миқдор ва басомади обёрӣ кам карда шавад.

Анҷибар — гули зебои хонагӣ

Гули анҷибар (геран) бо гулҳои рангоранг ва баргҳои ороишии худ диққати гулпарваронро ҷалб мекунад. Ин растанӣ рӯшноии фаровонро дӯст медорад ва дар шароити мувофиқ метавонад муддати тӯлонӣ гул кунад. Барои нашъунамои хуби он тавсия дода мешавад, ки тубак дар ҷойи равшан гузошта шуда, растанӣ мунтазам, вале ба меъёр об дода шавад. Пеш аз об додан хушк шудани қабати болоии хокро санҷидан зарур аст. Ба тавсияи мутахассисон, дар ҳолате, ки бархе баргҳои гули анҷибар пажмурда мешаванд, агар он баргу шохаҳои пажмурда бурида, тоза карда шаванд, гул аз нав нашъунамо меёбад.

Шамшергул – растании ҳамешасабз

Шамшергул (сансевиерия) яке аз тобовартарин ва ороишитарин растаниҳои хонагӣ ба шумор меравад. Ин гиёҳи ҳамешасабз бо баргҳои рост, сахт ва шамшершакли худ, ки метавонанд рангҳои сабзи тира, зард ва рахҳои ҷолиб дошта бошанд, ҳусни хонаю коргоҳро дучанд мегардонад.

Шамшергул ҳарчанд офтоби дурахшонро дӯст медорад, вале дар ҳуҷраҳои торик ва сояафкан низ хуб зиндагӣ мекунад. Аммо барои он ки растанӣ тирчаи дароз бароварда, бо гулҳои сафеди хушбӯю нозуки худ шукуфон шавад, онро бояд дар назди тирезаи офтобӣ нигоҳ дошт.

Ин гул обдиҳии муътадилро меписандад, вале аз ҳад зиёд об додан ва мондани об дар бехи решаҳояш метавонад боиси пӯсидани он гардад. Дар зимистон ба ин гул бояд кам об дод.

Аз сабаби он ки шамшергул решаҳои хазандаи уфуқӣ дорад, барои он хоки махсус ва зарфи васеъ лозим аст. Парвариш ва зиёдкунии ин растанӣ одатан дар фасли баҳор амалӣ мегардад. Онро бо се роҳи асосӣ: тақсим кардани бутта, буридани қисмҳои барг ва ё тақсим кардани решаҳои пайдошуда ба таври осон зиёд кардан мумкин аст.

Мувофиқи тавсияи мутахассисон, парвариши муваффақонаи растаниҳои хонагӣ, аз ҷумла гули сабр, анҷибар ва шамшергул аз интихоби дурусти хоку тубаки дорои сӯрохиҳои обгузар, риояи реҷаи муътадили обёрӣ ва таъмини рӯшноии мувофиқ вобастагии комил дорад. Ҳар растанӣ хусусияти хос дошта, пешгирии обёрии зиёдатӣ ва тоза кардани шоху баргҳои пажмурда рушди солим ва зебоии муҳити хонаро кафолат медиҳад.

Таҳияи Моҳинави НАВРӮЗ, АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Источник: АМИТ "Ховар"