Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои бунёдкориву созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои бунёдкориву созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» сохта, ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ хабар доданд.
Ба истифода додани бинои нав барои беҳтар намудани шароити фаъолияти кормандон, баланд бардоштани самаранокии кори мамнуъгоҳ ва таҳкими корҳои ҳифзу нигоҳдории мероси таърихию фарҳангӣ ва илмӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» яке аз мавзеъҳои муҳими таърихию фарҳангии мамлакат ба ҳисоб рафта, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва муаррифии мероси фарҳангии тоҷикон аз самтҳои асосии фаъолияти он мебошад.
Қалъаи Ҳисор таърихи зиёда аз 3000-сола дошта, бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дохили он растаи дӯконҳои армуғонфурӯшӣ, ҳунарҳои мардумӣ, майдони аспсаворӣ ва нуқтаҳои фарҳангию фароғатӣ фаъолият менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки 11 августи соли 2026 аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Мамнуъгоҳи таърихиву фарҳангии Қалъаи Ҳисор «Қасри Ҳоким» ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуда буд. Иншоот дар доираи лоиҳаи навсозии Мамнуъгоҳи таърихиву фарҳангии Қалъаи Ҳисор бунёд гардида, ҳамчун яке аз мавзеъҳои муҳими таърихию фарҳангӣ барои муаррифии тамаддуни қадимии тоҷикон хизмат мекунад.
АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон