Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 22.10.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистон бо ташаббуси Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши геология дар рушди саноати мамлакат» ҳамоиши байналмилалии илмию амалӣ ва Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ«Ховар» аз ин саридора хабар доданд.
Дар кори конфронс намояндагон аз сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои илмию таълимӣ, корхонаҳои кӯҳкорӣ ва мутахассисон аз нуҳ давлати ҷаҳон – Австралия, Британияи Кабир, Бразилия, Муғулистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Озарбойҷон ва Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зимни конфронс иброз гардид, ки дар солҳои истиқлоли давлатӣ соҳаи геология дар омӯзиши сарватҳои зеризаминӣ, иктишофу ҷустуҷӯи канданиҳои фоиданок, инчунин баҳодиҳии иқтидори минералию ашёи хоми мамлакат нақши муҳим гузошт. Захираҳои минералӣ яке аз пойдеворҳои асосии рушди саноати кӯҳкорӣ, металлургия ва дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба шумор рафта, омӯзиш ва истифодаи оқилонаи онҳо аҳаммияти стратегӣ дорад.
«Яке аз самтҳои муҳими рушд дар ин соҳа рақамикунонии равандҳои геологӣ мебошад. Истифодаи барномаҳои махсус имкон медиҳад, ки маълумоти геологӣ ба таври муназзам ҷамъоварӣ ва коркард шуда, моделҳои сеченакаи конҳо таҳия гарданд, захираҳои минералӣ баҳо дода шаванд ва корҳои кӯҳкорӣ самараноктар нақшакашӣ карда шаванд»,–иброз дошт Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода.
Таъкид гардид, ки амалӣ кардани технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла барномаи нави «Micromine» имкон медиҳад, ки дақиқии ҳисобҳо баланд бардошта, вақт сарфа ва сифати қарорҳои техникӣ беҳтар карда шавад. Истифодаи зеҳни сунъӣ дар таҳлили геологӣ ва моделсозӣ низ як самти нави рушди соҳа ба шумор меравад.
Баргузории ин чорабинии байналмилалӣ барои табодули таҷрибаи пешқадам, таҳкими робитаҳои касбӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва рушди технологияҳои рақамӣ дар соҳаи геологияи Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ёдовар мешавем, ки кори конфронс пагоҳ низ идома меёбад.
АКС: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон