ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 02.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират ба таваҷҷуҳи шаҳрвандоне, ки нияти сафар ба хориҷи кишвар (Федератсияи Русия)-ро

ДУШАНБЕ, 02.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират ба таваҷҷуҳи шаҳрвандоне, ки нияти сафар ба хориҷи кишвар (Федератсияи Русия)-ро доранд, мерасонад, ки пеш аз сафар бояд омодагии заруриро анҷом дода, дар бораи кишвари қабулкунанда маълумоти пурра дошта бошанд ва талаботи қонунгузории онро риоя намоянд. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?

– Намояндагӣ ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки пеш аз сафар метавонанд ба филиали Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 121 муроҷиат намуда, расмиёти заруриро вобаста ба омодагӣ барои сафар ба Федератсияи Русия анҷом диҳанд. Аз ҷумла, шаҳрвандон метавонанд барои гирифтани сертификати донистани забони русӣ, анҷом додани расмиёти бақайдгирии изи ангушт ва дигар расмиёти зарурӣ муроҷиат намоянд.

Ҳамчунин шаҳрвандон метавонанд аз хизматрасониҳои ин муассиса истифода бурда, пеш аз сафар мавҷудияти маҳдудияти воридшавӣ ба Федератсияи Русияро санҷида, танҳо баъд аз гирифтани маълумоти зарурӣ чиптаи ҳавопаймоӣ харанд.

Бояд гуфт, ки аз 1 июли соли 2026 дар доираи таҷрибаи ҷорӣ намудани механизмҳои иловагии назорати воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ барои шаҳрвандони давлатҳое, ки бо Федератсияи Русия низоми бераводид доранд ва бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ ё таҳсил ворид мешаванд, тартиби пешниҳоди электронии маълумоти зарурӣ тавассути барномаи «Госуслуги RuID» татбиқ мегардад.

Пеш аз сафар шаҳрванд бояд:

– дар барномаи RuID ҳисоби шахсӣ таъсис диҳад;

– маълумоти шиносномавӣ ва дигар маълумоти заруриро ворид намояд;

– мақсади воридшавӣ ва маълумоти марбут ба сафари пешбинишударо нишон диҳад;

– акси худро пешниҳод намуда, расмиёти муайянкунии биометриро анҷом диҳад;

– аризаи электронии воридшавиро пешакӣ пешниҳод намояд;

– рамзи QR-и дар натиҷаи пешниҳоди ариза эҷодшударо нигоҳ дорад.

Мувофиқи тартиби амалкунанда, аризаи воридшавӣ, чун қоида, бояд на дертар аз 72 соат пеш аз ворид шудан пешниҳод карда шавад. Дар ҳолатҳои таъҷилӣ, ки бо бемории вазнин ё фавти шахси наздик вобаста мебошанд, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, аз ҷумла мактуби расмӣ ё маълумотнома имкони пешниҳоди ариза дар муҳлати кӯтоҳтар пешбинӣ карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади омодагии шаҳрвандон ба фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, аз ҷумла омӯзиши касбу тахассус, огоҳӣ аз тартиби воридшавӣ ва гирифтани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва таъмини кафолатҳои ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохторҳои дахлдор, аз ҷумла Хадамоти муҳоҷират ва Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» фаъолият менамоянд. Шаҳрвандон метавонанд пеш аз сафар аз мутахассисони ин муассисаҳо машварату тавсияҳои ройгон гиранд.

Шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ҳамарӯза фаъолият намуда, ба шаҳрвандон оид ба масъалаҳои муҳоҷират машваратҳои ҳуқуқии ройгон пешниҳод менамоянд.

Дар сохтори Хадамоти муҳоҷират инчунин Муассисаи давлатии «Маркази омодагии пеш аз сафар» фаъолият менамояд. Ин муассиса шаҳрвандонро мутобиқ ба талаботи бозори меҳнати давлати қабулкунандаи қувваи корӣ омода менамояд. Инчунин барои фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷи мамлакат омодагии зарурӣ фароҳам меорад. Дар ин марказ инчунин омӯзиши касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ ва машғулияти кӯтоҳмуддат оид ба ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар хориҷи кишвар ташкил карда мешавад.

Барои касбомӯзии шаҳрвандон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касби муосир» фаъолият менамояд. Шаҳрвандон метавонанд барои омӯзиши касбу ҳунар ба ин муассиса ва ё филиалҳои он дар шаҳру ноҳияҳо муроҷиат намуда, ба таълим ва касбомӯзӣ машғул шаванд.

Барои дарёфти ҷойи кори мувофиқ дар хориҷи кишвар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» муроҷиат намуда, дар ширкатҳои боэътимод ҷойи кори мувофиқ интихоб намоянд.

Агар шаҳрванд барои фаъолияти меҳнатӣ Федератсияи Русияро интихоб намояд, зарур аст, ки тибқи талаботи қонунгузории ин давлат  амал намуда, меъёрҳои муқарраргардидаи онро риоя намояд.

АКС: Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират

Источник: АМИТ "Ховар"