Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 27.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ 26 октябр бо дабири кулли Шурои миллии фарҳанг, ҳунар ва адабиёти Давлати Кувайт д-р Муҳаммад Холид Ал-Ҷассор мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо роҳҳои тақвияти рабитаҳои фарҳангӣ ва самтҳои нави ҳамкорро байни ду мамлакат баррасӣ карданд.
Ҷонибҳо бо ишора ба муваффақияти баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Кувайт ва идомаи чунин мубодилаҳои фарҳангиро таъкид намуда, тарҷума ва интишори осори адабии ҳамдигар, посдорӣ аз мероси таърихию фарҳангӣ ва муаррифи мусиқӣ ва ҳунарҳои суннатро, муҳим арзебӣ карданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо бори дигар омодагии муштараки Тоҷикистон ва Кувайтро барои таҳкими дӯстӣ, густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва наздиксозии халқҳои ду мамлакат таъкид намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт