Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 14.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷӣ хабар доданд.

Барномаи мазкур барои нафароне, ки мехоҳанд дар Тоҷикистон таҳсилу фаъолият кунанд ё бо ҷомеаи тоҷикзабон робитаҳои касбию фарҳангӣ барқарор созанд, инчунин барои арзёбии дақиқ ва боэътимоди дониши забонӣ аҳаммияти калон дорад.

Барнома аз шаш зина иборат буда, аз сатҳи ибтидоӣ то сатҳи баланди забондонӣ пешбинӣ шудааст. Ин сатҳҳо бо чаҳорчӯбаи умумии аврупоии арзёбии забонҳо ҳамоҳанг карда шудаанд.

Моҳияти ин барнома на танҳо дар шумораи саволҳо ё давомнокии имтиҳон аст, балки мақсади асосӣ муайян намудани сатҳи воқеии донистани забони тоҷикӣ ва қобилияти истифодаи он дар вазъияти гуногуни зиндагӣ, таҳсил ва фаъолияти касбӣ мебошад.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Источник: АМИТ "Ховар"