Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 26.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон кишоварзони шаҳри Ваҳдат ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзиро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд, ки ба 108,1 дарсади дурнамо баробар аст. Дар ин хусус 24 октябр зимни боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дар шаҳри Ваҳдат иттилоъ дода шуд.

Дар ин раванд ба зиёд намудани масоҳати кишти ғалладона, васеъ кардани масоҳати гармхонаҳо, парвариши чорвои хушзот, зиёд намудани саршумори паранда, васеъ намудани масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ, лӯбиёиҳо, зироати техникӣ, картошка, сабзавот ва полезӣ, ки иқлими шаҳр барои парвариши онҳо мусоид мебошад, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пешрафти бахшҳои алоҳидаи соҳаи кишоварзӣ ва заҳмати шабонарӯзии деҳқонон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Иброз гардид, ки дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва фаъолияти ватандӯстонаи заҳматкашони шаҳр имрӯз Ваҳдат ба яке аз минтақаҳои пешрафтаи кишоварзиву саноатӣ табдил ёфта, саҳми корхонаву муассисаҳои он дар рушди иқтисодии мамлакат ва фаровонии дастурхони мардум, аз ҷумла сокинони пойтахт торафт бештар мегардад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"