Озмоишгоҳҳои таҳлили канданиҳои фоиданок ва омода кардани намунаи ашёи минералӣ ба истифода дода шуданд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 29.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 сентябр дар Институти кимиёи ба номи И.В. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи таҳлили канданиҳои фоиданок ва озмоишгоҳи омода кардани намунаҳои ашёи минералӣ ба истифода

ДУШАНБЕ, 29.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 сентябр дар Институти кимиёи ба номи И.В. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи таҳлили канданиҳои фоиданок ва озмоишгоҳи омода кардани намунаҳои ашёи минералӣ ба истифода дода шуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, дар озмоишгоҳи таҳлили канданиҳои фоиданок имконият фароҳам оварда шудааст, ки таркиб ва хусусияти химиявии ангишт, хокистар, маъданҳои гуногун, ҷинсҳои кӯҳӣ, хок, об ва дигар захираҳои табиӣ мавриди омӯзиш ва таҳлили лабораторӣ қарор дода шаванд.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти озмоишгоҳ таҳқиқи захираҳои минералии ҷумҳурӣ ва муайян намудани таркиби элементии намунаҳои аз конҳо ва мавзеъҳои гуногун гирифташуда мебошад. Натиҷаҳои чунин таҳқиқот метавонанд барои омӯзиши имконоти истифодаи ашёи хоми минералӣ, арзёбии хусусияти геохимиявии онҳо ва интихоби усулҳои мувофиқи коркард аҳаммияти илмӣ ва амалӣ дошта бошанд.

Зимни ифтитоҳи озмоишгоҳ таъкид гардид, ки ҳамзамон озмоишгоҳ метавонад ҳамчун заминаи илмӣ барои таҳқиқоти муштараки олимони соҳаҳои гуногун, омода намудани корҳои илмӣ, татбиқи натиҷаҳои таҳқиқот ва тайёр намудани мутахассисони ҷавон хизмат намояд.

Дар озмоишгоҳи омода кардани намунаҳои ашёи минералӣ марҳилаҳои гуногуни омодасозии намунаҳои маъданӣ ба роҳ монда шуда, барои гузаронидани таҳқиқоти минбаъдаи лабораторӣ ва муайян намудани хусусиятои таркиби маъдан шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Самти асосии фаъолияти илмию таҳқиқотии озмоишгоҳ ба омӯзиш, ғанигардонӣ ва коркарди канданиҳои фоиданоки маъданӣ ва ғайримаъданӣ алоқаманд аст. Бо истифода аз имконоти техникии озмоишгоҳи нав олимону муҳаққиқон метавонанд намунаҳои маъданҳои гуногунро мавриди омӯзиш қарор дода, роҳҳои самараноки коркарди онҳоро дар шароити лабораторӣ муайян намоянд.

Ҳамзамон дар доираи фаъолияти озмоишгоҳ барои таҳияи хати технологии коркарди маъданҳо корҳои озмоишӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ гузаронида мешаванд. Дар натиҷаи чунин таҳқиқот марҳилаҳои гуногуни коркарди маъдан дар шароити лабораторӣ санҷида шуда, оид ба хусусияти ашёи хом усулҳои мувофиқи майдакунӣ, ҷудокунии фраксияҳо, ғанигардонӣ ва коркарди минбаъдаи он муайян карда мешаванд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"