Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 29.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои мардуми ҷумҳурӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ барои бунёди давлати соҳибихтиёр, рушди устувори ҷомеа ва таҳкими мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид

ДУШАНБЕ, 29.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои мардуми ҷумҳурӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ барои бунёди давлати соҳибихтиёр, рушди устувори ҷомеа ва таҳкими мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Ин нукта дар ҳамоише, ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иброз шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки иштирокдорони ҳамоиш доир ба аҳаммияти таърихии Истиқлолияти давлатӣ, нақши он дар таҳкими давлатдории миллӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, эҳёю ҳифзи арзишҳои миллӣ ва болоравии ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ ибрози назар намуданд.

Инчунин дар ҳамоиш масъалаҳои муҳим оид ба ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва саҳми шаҳрвандони мамлакат дар ободонии Ватан мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта шуд, ки ҳифзу таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди мамлакат буда, саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол масъулияти умумии ҷомеа мебошад.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"