Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ то соли 2040» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2026-2030» самтҳои асосии рушди технологӣ ва таҳкими иқтисоди рақамиро муайян менамоянд.
ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ то соли 2040» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2026-2030» самтҳои асосии рушди технологӣ ва таҳкими иқтисоди рақамиро муайян менамоянд. Ин нуктаро Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо зимни суханронӣ дар Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026, ки 29-30 сентябр дар шаҳри Душанбе доир гардид, иброз намуд.
«Мо Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026-ро на танҳо ҳамчун чорабинии соҳавӣ, балки чун майдони муколамаи касбӣ, муаррифии имконот, ҷалби сармоя ва оғози ҳамкории амалӣ мебинем. Ҳадафи мо ин аст, ки идеяҳо ба ташаббус, ташаббусҳо ба лоиҳа ва мулоқотҳо ба ҳамкории мушаххасу дарозмуддат табдил ёбанд»,-гуфт Хуршед Мирзо.
Ҷаҳони муосир бо суръати баланд тағйир ёфта, технология ба яке аз омилҳои асосии рақобатпазирии давлатҳо, самаранокии идоракунӣ ва рушди иқтисод табдил ёфтааст. Бо роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян гардидааст. Натиҷаи воқеии рақамикунонӣ бояд дар зиндагии ҳаррӯза эҳсос гардад, аз ҷумла хизматрасонӣ сода ва дастрас бошад, вақти шаҳрванд сарфа шавад ва хароҷоти соҳибкор коҳиш ёбад.
Хуршед Мирзо афзуд, ки дар баробари ин амнияти киберӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва устувории инфрасохтор бояд равандҳои рақамикунониро фаро гиранд. Зеҳни сунъӣ имрӯз ба яке аз самтҳои асосии тағйироти технологӣ дар ҷаҳон табдил ёфтааст. Тоҷикистон ҷонибдори истифодаи зеҳни сунъӣ ба манфиати рушди инсон, иқтисод, илму маориф ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои давлатӣ мебошад.
Таъкид шуд, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 август Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод эълон гардид, ки аз соли 2027 ҳамасола таҷлил хоҳад шуд. Ин ташаббус мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун шарики фаъол ва ташаббускор дар рӯзномаи байналмилалии рақамӣ тақвият медиҳад.
«Яке аз иқдомҳои муҳими мо бунёди IT HUB DUSHANBE мебошад, ки таҳсил, таҳқиқот, зеҳни сунъӣ, IT Park, стартапҳо ва соҳибкории технологиро дар як экосистемаи муосир муттаҳид менамояд. Ҳамзамон Тоҷикистон дорои бартарии муҳими энергетикӣ мебошад. Тақрибан 98 фоизи неруи барқи кишвар аз манбаъҳои барқароршаванда, пеш аз ҳама, неруи обӣ истеҳсол мегардад. Он дар оянда барои ҷалби сармоя ба бунёди марказҳои коркарди маълумот – Data Centers, таҳкими инфрасохтори рақамӣ, технологияҳои абрӣ ва дигар лоиҳаҳои рақамӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад»,-изҳор намуд директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Гуфта шуд, ки фароҳам овардани муҳити мусоид барои ҷалби сармоя ба технологияҳои рақамӣ ва инноватсия яке аз самтҳои муҳим мебошад. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ метавонад барои лоиҳаҳои технологӣ ҳамчун нуқтаи ягонаи ҳамоҳангсозӣ фаъолият намуда, робитаи сармоягузоронро тақвият бахшад. Тоҷикистон метавонад ба ширкатҳои байналмилалӣ на танҳо ҳамчун бозори технология, балки чун макони таъсиси марказҳои коркарди маълумот, лабораторияҳои инноватсионӣ ва лоиҳаҳои зеҳни сунъӣ муаррифӣ гардад.
Бо дахли сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон Хуршед Мирзо изҳор намуд, ки яке аз бартариҳои Тоҷикистон сармояи инсонӣ аз ҳисоби аҳолии ҷавон аст, ки ба омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ таваҷҷуҳи рӯзафзун доранд ва барои рушди минбаъда имконияти муҳим фароҳам меоранд.
«Бо ворид шудани сармоягузор ба Тоҷикистон шароити мусоид барои шарикии боэътимод, ҷалби кадрҳои болаёқат, истифодаи энергияи «сабз» ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ таъмин мегардад. Мо мутмаинем, ки TAJ-TECH 2026 ба оғози лоиҳаҳои муштарак, ҷалби сармоя, интиқоли технология ва фароҳам овардани имконияти нав барои ширкатҳо ва ҷавонон мусоидат менамояд»,-иброз намуд директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо.
Марзия САИДЗОДА, АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»