Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид

АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 29.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 25-уми Маркази минтақавии RILO-Москва — сохтори Созмони ҷаҳонии гумрук оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ва мубодилаи иттилоот дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои

ДУШАНБЕ, 29.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Д ар шаҳри Душанбе ҷаласаи 25-уми Маркази минтақавии RILO-Москва — сохтори Созмони ҷаҳонии гумрук оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ва мубодилаи иттилоот дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҷаласа намояндагони мақомоти гумрук ва сохторҳои ваколатдори соҳаи гумруки Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон иштирок намуданд.

Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода оид ба нақши шабакаҳои алоқаи миллии мақомоти гумруки кишварҳои узви шабакаи минтақавии алоқа оид ба ҳифзи ҳуқуқи Созмони ҷаҳонии гумрук барои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — RILO-Москваро дар таъмини амният ва суботи кишварҳои узв муҳим арзёбӣ намуд. Ҳамзамон, аҳаммияти фаъолияти ин шабакаҳоро дар самти ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ таъкид гардид.

Дар идома нақши ҳамкории байни мақомоти гумрук дар самти табодули иттилоот махсус таъкид гардид. Инчунин мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунӣ ва қочоқи маводи мухаддир ва воситаҳои психотропӣ, силоҳ, асъор, арзишҳои фарҳангӣ, маҳсулоти қалбакӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории мақомоти гумрук арзёбӣ шуд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии истифодаи воситаҳои иттилоотию коммуникатсионии Созмони ҷаҳонии гумрук, аз ҷумла шабакаи иттилоотии гумрукии ҳифзи ҳуқуқи CEN ва платформаи CENcomm, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин иштирокчиён масъалаҳои таҳияи маводи таҳлилӣ ҷиҳати ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ва иштироки мақомоти гумрук дар амалиёти махсуси байналмилалӣ оид ба мубориза бо қочоқи маводи нашъаовар ва интиқоли ғайриқонунии маҳсулоти тамокуро баррасӣ карданд.

Дар анҷом самтҳои афзалиятноки фаъолияти минбаъдаи RILO-Москва барои соли 2027 муайян ва тасдиқ гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки RILO-Москва сохтори Хадамоти федералии гумруки Русия буда, мубодилаи иттилооти ҳифзи ҳуқуқро байни давлатҳои иштирокдори ИДМ ва кишварҳои узви Созмони ҷаҳонии гумрук таъмин менамояд. Ин марказ ба Шабакаи глобалии RILO шомил буда, шабакаи мазкур 12 маркази минтақавии алоқа оид ба фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи Созмони ҷаҳонии гумрукро муттаҳид мекунад.

Фаъолияти RILO-Москва аз ҷониби Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ ҳамоҳанг карда мешавад.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"