Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам якчанд мулоқоти корӣ баргузор намуда, масъалаҳои таҳкими ҳамкории иқтисодию

ДУШАНБЕ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳ айати Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам якчанд мулоқоти корӣ баргузор намуда, масъалаҳои таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузориро баррасӣ карданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо татбиқи лоиҳаҳои муштаракро дар соҳаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати нассоҷӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, логистика ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо имконияти назарраси густариши ҳамкории мутақобили судмандро таъкид намуда, барои тақвияти робитаҳои байниидоравӣ, мубодилаи иттилоот оид ба имконияти сармоягузорӣ ва рушди ҳамкории мустақими соҳибкорони ду кишвар тавассути форумҳои соҳибкорӣ ва мулоқотҳои B2B ба мувофиқа расиданд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"