Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 23.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Холназар Ғоиб ҳамкории мамлакатро бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург хабар доданд, консули генералӣ бо инфрасохтори илмӣ-таълимии донишгоҳ шинос шуда, аз осорхонаҳои анатомия ва зоологияи донишгоҳ, ки дорои маводи васеи таълимӣ, методӣ ва таҳқиқотӣ мебошанд, дидан намуд.
Ҷонибҳо рушди манфиати мутақобилро ба манзури рушди робитаҳои шарикӣ дар соҳаи таҳсилоти аграрӣ ва лоиҳаҳои илмии муштарак изҳор карданд.
АКС: Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург