Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 28.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 октябр дар шаҳри Конибодом бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ҷаласаи васеи корӣ доир гардид. Дар ҷаласа масъалаи суръатбахшии ҷамъоварии безарари ҳосили пахта ва истифодаи самараноки имкониятҳои соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом иттилоъ медиҳад.

Дар ҷаласа муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода иброз намуд, ки «таъмини иҷрои нақшаҳои пешбинигардидаи маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва таъмини иҷрои саривақтии нақшаву супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла пахта, ки ашёи стратегӣ маҳсуб мешавад ва ҷамъоварии саривақтии он аз масъалаҳои муҳими рӯз ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо барои беталаф ҷамъ овардани ҳосил бояд тамоми қувваи корӣ ва ҳашарчиён ба корҳои саҳроӣ ҷалб карда шаванд.

Масъулони соҳа вазифадор гардиданд, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда, барои иҷрои нақшаҳои пешбинишуда, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва таъмини ҷамъоварии пурраи ҳосили пахта фурсатро ғанимат шуморида, дар ин самт чораҳои мушаххас андешанд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода кишоварзонро даъват намуд, ки барои иҷрои пурраи нақшаи пахтасупории шаҳр ва муваффақона ҷамъбаст намудани соли 2026 дастҷамъона саҳмгузор бошанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом

Источник: АМИТ "Ховар"