Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» ва «Turkish Airlines» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» ва ширкати ҳавопаймоии «Turkish Airlines» Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ширкати ҳавопаймоии «Shohin
ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» ва ширкати ҳавопаймоии «Turkish Airlines» Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳадафи он таҳкими ҳамкории дуҷониба ва мусоидат ба рушди фаъолияти амалиётии ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон мебошад. Дар доираи ҳамкории ҷонибҳо омӯзишҳои тахассусӣ барои ҳайати парвозӣ ва кормандони хадамоти заминии «Shohin Airlines» дар Академияи парвозии «Turkish Airlines» ба роҳ монда мешаванд.
Ҳамзамон ширкати «Turkish Technic» дар самти пешниҳоди хизматрасонии маҷмуии техникӣ шарики «Shohin Airlines» муайян гардидааст. Ин ҳамкорӣ рангубори ҳавопаймоҳои нав ва анҷоми хизматрасонии техникии нақшавии онҳоро дар бар мегирад.
Татбиқи созишҳои бадастомада ба баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони «Shohin Airlines», густариши табодули дониш ва таҷриба, инчунин истифодаи имконияти таълимӣ ва техникии шарикон мусоидат менамояд.
Дар баробари фароҳам овардани имконияти нав барои рушди фаъолияти ширкати ҳавопаймоӣ он ба тақвияти иқтидори кадрӣ ва техникии он, таъмини бехатарии парвозҳо ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ равона шудааст.
Ёдовар мешавем, ки «Shohin Airlines» — ширкати ҳавопаймоӣ мебошад, ки 25 июни соли 2025 вориди бозори авиатсионии Тоҷикистон гардид. Рисолати «Shohin Airlines» ба рушди авиатсияи ватанӣ ва тавсеаи интиқолоти ҳавоии минтақавию байналмилалӣ нигаронида шудааст. Дар айни замон ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳои фармоиширо аз тариқи чархболҳо анҷом медиҳад. Ширкат ҳамчунин бо истеҳсолкунандагони пешбари ҳавопаймоҳо музокирот бурда, дурнамои рушди мусофиркашонии тиҷоративу боркашонӣ ва бизнес -авиатсияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.
АКС: Ширкати
ҳавопаймоии «Shohin Airlines»