Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид

АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 04.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ ва дидорбинӣ баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди мафкурасоз таблиғи арзишҳои соҳибистиқлолӣ ва баланд бардоштани тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавононро дар меҳвари фаъолият қарор дода, аз рӯзҳои аввали таъсис таъмини волоияти қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва дар байни шаҳрвандон ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳоро рисолати ҳамешагии худ меҳисобад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати миллӣ ва ҳимояи истиқлоли он, мавҷудият ва ҳифзи Тоҷикистон мавқеи бориз дошта, ҳамчун шахсияти мардумӣ ва сулҳофар тавонистанд дар муддати аз нигоҳи таърихӣ начандон тӯлонӣ сулҳу ваҳдатро дар мамлакат барқарор намуда, низоми муайяни идоракуниро рушд диҳанд.

Имрӯзҳо ҷавонони саодатманди Ватан дар татбиқ ва таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ нақши муассир дошта, дар ободонию созандӣ ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо дастовардҳои баланди касбӣ саҳм мегузоранд. Дар фарҷом як зумра афсарон ва ҷавонони саодатманд, ки дар ташаккули худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон саҳм гузоштаанд, бо Сипоснома қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Источник: АМИТ "Ховар"