Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 26.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон аз рӯи касбҳои барқчӣ, сантехник, кафшергар, заргар,
ДУШАНБЕ, 26.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон аз рӯи касбҳои барқчӣ, сантехник, кафшергар, заргар, ошпаз, қаннод, дӯзанда ва ороишгари рӯю мӯй ройгон касб меомӯзонанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин марказ хабар доданд.
Пас аз хатми даврҳои омӯзишӣ ба иштирокчиён шаҳодатномаи расмии касбӣ ва 500 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад. Фароҳам овардани имконияти омӯзиши касбҳои гуногун барои баланд бардоштани малакаҳои касбии шаҳрвандон, омодасозии кадрҳои соҳибкасб ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол таълиму тарбия ва шуғли созандаи наврасону ҷавононро дар меҳвари сиёсати иҷтимоии худ қарор додааст. Зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки бекорӣ, надоштани шуғли муайян ва оворагардӣ метавонанд заминаи гаравиш ба андешаҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои тундравро фароҳам оваранд. Дар ин замина касбомӯзӣ ҳамчун воситаи муассири пешгирӣ ва безараргардонии омилҳои хатарзо аҳамияти калидӣ касб менамояд.
Дар Тоҷикистон беш аз 50 маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир фаъолият дошта, дар онҳо шаҳрвандон аз рӯйи касбҳои мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.
Тибқи таҳлилҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботи бештар ба мутахассисон дар соҳаҳои сохтмон, меъморӣ, энергетика, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, геология ва бахши хизматрасонӣ ба назар мерасад. Аз ҷумла, дар марказҳои касбомӯзӣ ба шаҳрвандон касбҳои роҳбалад, таъмиргари асбобҳои рӯзгор, пешхизмат, маъмури меҳмонхона, тарабхона, кафшергари газию барқӣ, таъмиргари техникаи кишоварзӣ, заргар, ошпаз, қаннод, андовачӣ, челонгари таҷҳизоти санитарию техникӣ ва мутахассис оид ба истифода ва хизматрасонии лифт омӯзонида мешаванд.
Танҳо дар шаш моҳи соли 2026 61 ҳазору 125 шаҳрванд ба омӯзиши касб фаро гирифта шуданд. Аз ин шумора танҳо дар шаш маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ 12 ҳазору 222 нафар соҳиби касб гардида, соҳиби сертификати дорои стандарти байналмилалӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ (16 декабри соли 2025) вобаста ба рушди шуғл, касбомӯзӣ, таъсиси ҷойи нави кор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ супориш доданд, ки дар панҷ соли оянда дар мамлакат бояд беш аз 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода шавад.
АКС: Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир»