Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 12.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2027 раёсат дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ аз Русия ба Тоҷикистон мегузарад. Дар ин хусус 11 ноябр зимни ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия иттилоъ дода шуд.
Тавре қаблан иттилоъ дода шуд, дар ин ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласа изҳор доштанд, ки «дар давоми раёсатамон дар Созмон, мо ният дорем, ки талошҳои худро ба тақвияти минбаъдаи амнияти минтақавӣ бар асоси шиори раёсат — «Амнияти дастҷамъӣ: таҳкими марзҳо, суботи минтақавӣ, масъулияти муштарак» равона созем».
«Дар давраи раёсати худ мо ба баргузории чорабиниҳо бахшида ба 25-солагии таъсиси Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва 35-умин солгарди имзои Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ аҳамияти хос хоҳем дод»,- тазаккур доданд Пешвои миллат.
Дар фароварди сухан Сарвари давлати мо таъкид намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории созанда бо ҳамаи кишварҳои аъзо омода аст ва хоҳони ҳамдастӣ ва дастгирии амалӣ дар татбиқи афзалиятҳои пешниҳодшуда мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»