Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 октябр) дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли
ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 октябр) дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ» ҳамоиши илмӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.
Иштирокдорон доир ба ҷойгоҳ ва нақши забони давлатӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ, рушди забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ, ҳифзи асолат ва покизагии забон, густариши доираи истифодаи он дар ҷомеа ва баланд бардоштани фарҳанги забондонӣ ибрози андеша намуданд.
Таъкид гардид, ки забон яке аз муҳимтарин рукнҳои ҳастии миллат ва омили асосии ҳифзи ҳувияти миллӣ ба шумор меравад. Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ, худшиносии шаҳрвандӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва таърихии миллат нақши муҳим дошта, рушди он бо суботи иҷтимоӣ ва пешрафти ҷомеа пайванди ногусастанӣ дорад.
Давоми 35 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушду таҳкими мақоми забони давлатӣ, такмили заминаҳои ҳуқуқӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои истифодаи васеи он дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва баланд бардоштани маърифати забонии шаҳрвандон тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд.
Иштирокчиён ҳамчунин масъалаи зарурати риояи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ, дуруст ва саҳеҳ истифода намудани калимаю истилоҳот, баланд бардоштани фарҳанги суханварӣ ва масъулияти ҳар шаҳрвандро дар ҳифзи покизагии забони давлатӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Гуфта шуд, ки коргузории давлатӣ яке аз самтҳои муҳими истифодаи забони давлатӣ ба ҳисоб рафта, риояи меъёрҳои забони адабӣ дар таҳияи санадҳои расмӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва муоширати хизматӣ аз ҳар корманди давлатӣ дониши хуби забонӣ ва масъулияти баланди касбӣ тақозо менамояд.
Ҳамчунин нақши муассисаҳои илмию таълимӣ дар рушди забони тоҷикӣ муҳим арзёбӣ гардид. Зеро маҳз муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ дар тарбияи насли босавод, баланд бардоштани фарҳанги забондонӣ, омӯзиши мероси адабию забонии миллӣ ва ғанӣ гардонидани захираи луғавии забон саҳми назаррас доранд.
Зимни суханрониҳо иштирокчиён бар он назар буданд, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва густариши муносибатҳои байналмилалӣ ҳифзи асолати забони тоҷикӣ ва ҳамзамон мутобиқ намудани он ба талаботи замони муосир аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Аз ин рӯ, истифодаи дурусту босаводонаи забони давлатӣ дар фазои маҷозӣ, воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои муоширати муосир низ аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Дар фарҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки арҷгузорӣ ба забони тоҷикӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ, ҳифзи асолати забон ва тарғиби забони ноби тоҷикӣ дар байни насли наврасу ҷавон заминаи муҳими таҳкими худшиносии миллӣ ва идомаи суннатҳои пурғановати забониву фарҳангии тоҷикон ба ҳисоб меравад.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон