«Амонатбонк» барандаи ҷоизаи байналмилалии WSBI-ESBG SDG Awards 2026 гардид

АМИТ "Ховар" ·

​ДУШАНБЕ, 21.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Амонатбонк» барандаи ҷоизаи байналмилалии WSBI-ESBG SDG Awards 2026 гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад, ки маросими ботантанаи супоридани ҷоизаи байналмилалии WSBI-ESBG SDG Awards 2026 бо ташаббуси Институти ҷаҳонии бонкҳои амонатгузор ва чакана (WSBI) дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Таиланд баргузор​ гардид.

​ Соли 2026 Институти ҷаҳонии бонкҳои амонатгузор ва чакана (WSBI) дар ҳамкорӣ бо Гурӯҳи аврупоии бонкҳои амонатгузор (ESBG) таҳти унвони «SDG Data Survey 2026» таҳқиқоти фарогири байналмилалӣ доир намуд. Ҳадафи асосии таҳқиқот арзёбӣ ва мониторинги саҳми муассисаҳои молиявӣ дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид (SDGs), аз ҷумла дастгирии рушди иқтисодӣ, фароҳам овардани имконияти нав ва таҳкими фарогирии молиявӣ мебошад. ​​​​

Аз рӯйи натиҷаи арзёбии коршиносони байналмилалӣ фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҳамчун муассисаи молиявии дорои аҳамияти иҷтимоӣ ва рушдию иқтисодӣ баҳои баланд гирифт. Дар натиҷа «Амонатбонк» дар номинатсияи бонуфузи «Рушди иқтисодӣ ва тавсеаи имконот» барандаи ҷоизаи байналмилалии WSBI-ESBG SDG Awards 2026 эътироф гардид.

АКС: «Амонатбонк»

Источник: АМИТ "Ховар"