«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 27.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5 ноябр ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 ноябр) Озмуни ҷумҳуриявии «Ганҷинаи таърих ва фарҳанги тоҷикон» оғоз мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Озмун дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивал, намоиши иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 январи соли 2026 тасдиқ гардидааст, баргузор карда мешавад.
Озмун бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бо мақсади тарғиби таъриху фарҳанги миллӣ дар ҷомеа, хусусан дар байни наврасон ва ҷавонон, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният гузаронида мешавад.
Тибқи низомнома, озмун дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат гузаронида шуда, охири моҳи ноябр ҷамъбаст мегардад.
Озмун дар робита ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҳифзи таъриху фарҳанги миллӣ доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, ки мероси таърихию фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. Аз ин хотир Сарвари давлат изҳор доштанд, ки мо бояд барои ҳифзи арзишҳои моддию ғайримоддии миллати худ онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста ва ҳадафмандона муаррифӣ намоем.
«Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдодонамон онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба наслҳои оянда ба мерос гузорем», — изҳор намуданд Президенти Тоҷикистон.
АКС аз манбаъҳои боз