Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз
ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Дар ҳамоиш муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён иброз намуд, ки имрӯз мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ — забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гиромӣ дошта, Рӯзи забони давлатиро бо тантана таҷлил менамоем. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз ва рушди забони давлатиро ҳамчун яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ муайян менамояд.
«Имрӯз дар заминаи сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз аркони муҳимми давлатдорӣ дар роҳи рушду такомул қарор дорад. Роҳбари давлат забонро кафили ҳастии миллат дониста, дар самти устувор намудани мақоми ин арзиши олии миллӣ якчанд ташаббуси саривақтӣ ва муҳимро дар амал татбиқ намуданд»,-афзуд Шермуҳаммад Шоҳиён
Дар даврони истиқлолият барои таҳкими мақоми забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ заминаҳои муҳимми ҳуқуқӣ ва ташкилӣ фароҳам оварда шуданд.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав соли 2009 яке аз қадамҳои асосӣ дар ин самт ба шумор меравад. Таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи забон, таърих, фарҳанг ва худшиносии миллӣ ба рушди сиёсати забонӣ ва баланд гардидани мақоми забони давлатӣ дар ҷомеа мусоидат менамояд.
Имрӯз забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз минбарҳои баландтарини дунё, аз ҷумла созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ садо медиҳад. Бо шарофати сиёсати дурбинонаву ояндасози Пешвои фарҳангпарвари тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони муосир ҷаҳониён миллати моро бо номи тоҷик, давлатамонро бо номи Тоҷикистон ва забонамонро бо номи забони тоҷикӣ мешиносанду эҳтиром мегузоранд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон