Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 29.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе варзишгарони паралимпии Тоҷикистонро, ки дар Бозиҳои V параосиёӣ дар Ҷопон иштироки фаъолона намуданд, намояндагони соҳаи варзиш, наздикону пайвандон ва ҳаводорони варзиш ботантана истиқбол гирифтанд. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар Бозиҳои V параосиёӣ, ки аз 18 то 24 октябр дар префектураи Айти ва шаҳри Нагояи давлатии Ҷопон баргузор гардиданд, Тоҷикистонро 10 варзишгар: 9 мард ва 1 зан — дар шаш намуди варзиш намояндагӣ карданд.
Дар он варзишгари шинохтаи тоҷик Шоҳрух Назаров дар намуди параҷудо, дар вазни то 81 килограмм ва синфи J1, маҳорати баланд нишон дода, ҳарифонашро мағлуб намуда, дар ниҳоят сазовори медали нуқра гардид. Шоҳрух Назаров дар роҳи расидан ба финал ба намояндагони Чин ва Қазоқистон пирӯз шуда, дар қувваозмоии ниҳоӣ аз варзишгари Узбекистон мағлуб гардид.
Медали нуқраи Шоҳрух Назаров барои ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дастоварди таърихӣ ба ҳисоб рафта, нахустин медали кишвар дар таърихи иштироки он дар Бозиҳои тобистонаи параосиёӣ мебошад. Ҳамзамон, варзишгарони дигари тоҷик низ дар риштаҳои гуногун ҳунарнамоӣ намуда, таҷрибаи байналмилалӣ ба даст оварданд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои V параосиёӣ яке аз мусобиқаҳои муҳими байналмилалӣ барои варзишгарони дорои маъюбият ба шумор рафта, барои рушди варзиши паралимпӣ ва таҳкими ҳамкории варзишии давлатҳои Осиё заминаи муҳим фароҳам меоранд.
АКС: АМИТ «Ховар»