Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 07.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Раиси Палата Фарҳодшоҳ Раҳмонализода бо ҳайати намояндагони доираҳои соҳибкории Олмон баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳайати мазкур, ки зиёда аз 25 ширкатро дар бар мегирад, бо ташаббуси Палатаи савдои хориҷии Олмон ва таҳти роҳнамоии роҳбари Намояндагии иқтисоди Олмон дар Осиёи Марказӣ Эдуард Кинсбруннер бо мақсади омӯзиши имконияти сармоягузорӣ, баррасии самтҳои нави ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва густариши робитаҳои соҳибкорӣ ба Тоҷикистон омад.

Ҳайати соҳибкорони Олмонро намояндагони ширкатҳои дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ, мошинсозӣ, истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ ва равғанҳои молиданӣ, саноати кимиё, металлургия, энергетика, истихроҷи канданиҳои фоиданок, иқтисоди рақамӣ, машваратдиҳӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок фаъолияткунанда ташкил доданд.

Зимни вохӯрӣ Фарҳод Раҳмонализода таъкид намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамлакатҳои Аврупо, ба хусус Олмон ба сатҳи сифатан нав баромадаанд. Дар ин замина зиёд гардидани ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба дар нимсолаи соли 2026 баланд арзёбӣ гардид.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Олмонро баррасӣ намуда, оид ба имконияти густариши робитаҳои соҳибкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак табодули афкор намуданд.

Ба ҳайати Олмон имконияти иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ, инчунин шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ муаррифӣ гардид.

Дар ин замина масъалаҳои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, навсозии иқтидори истеҳсолӣ, рушди соҳаи саноат, ворид намудани техника ва технологияҳои муосир, таъсиси корхонаҳои муштарак ва ба роҳ мондани ҳамкории нав байни ширкатҳои Тоҷикистону Олмон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси Палата бо мақсади амалӣ намудани ҳамкории мунтазам ва тақвияти робитаҳои мустақими соҳибкорӣ пешниҳод намуд, ки Шурои кории муштараки Тоҷикистону Олмон таъсис дода шавад. Таъкид гардид, ки таъсиси чунин ниҳод барои ташкили мунтазами миссияҳои тиҷоратӣ, баргузории вохӯриҳои мустақими соҳибкорон дар қолаби B2B ва мусоидат барои ба даст овардани созишномаҳои мушаххаси тиҷоратию сармоягузорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Ин пешниҳод аз ҷониби ҳайати Олмон дастгирӣ ёфта, барои баррасӣ ва пешбурди ташаббуси мазкур изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"