Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 04.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 октябр дар доираи сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» (аз 15 то 20 октябр) дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон баргузор мешаванд. Дар ин хусус ба
ДУШАНБЕ, 04.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 октябр дар доираи сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» (аз 15 то 20 октябр) дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон баргузор мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Ба тамошобинон се филми нави Ҷумҳурии Қирғизистон: «Фармоиш»– (Заказ), «Мо ду нафар» – (Экообуз) ва «Асир» – (Туткун) намоиш дода мешаванд. Тамошобинон беҳтарин намунаҳои синамои муосири қирғизро дида, тавассути санъати кино бо фарҳанг, анъана ва зиндагии мардуми қирғиз шинос мегарданд.
Рӯзҳои синамои Қирғизистон имконияти хуб барои муаррифии дастовардҳои синамои миллӣ ва густариши муколамаи фарҳангӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон мебошанд.
Санъати синамо дар рушди муколамаи байнифарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои маънавию ахлоқӣ ва муаррифии мероси ғании таърихию фарҳангии халқҳои Осиёи Марказӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Ҳамзамон ташаббусҳои муштараки фарҳангӣ барои густариши робитаҳои гуманитарӣ байни ду давлат хизмат менамоянд.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»