Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 02.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва ҷалби сармояи мустақим ба лоиҳаҳои афзалиятнок дар мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холид ибни Абдуллоҳ аш-Шамронӣ дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардиданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, мусоҳибон ҳамзамон масъалаҳо оид ба баргузории форумҳои муштараки сармоягузорӣ ва таҳкими робитаҳои соҳибкории ду кишварро баррасӣ карданд.
Ҳамзамон нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва Шурои соҳибкории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар рушди ҳамкории сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак таъкид гардид.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон