Дилором Абдураҳимзода: «Занон дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва таъмини адолати судӣ саҳми арзанда мегузоранд»

АМИТ "Ховар" ·

Дилором Абдураҳимзода: «Занон дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва таъмини адолати судӣ саҳми арзанда мегу…

ДУШАНБЕ, 06.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити ташаккули давлати ҳуқуқбунёд рушди устувори ҳокимияти судӣ танҳо бо такмили сохтори судҳо, навсозии қонунгузории мурофиавӣ ё тақвияти заминаи моддию техникӣ маҳдуд намегардад. Яке аз нишондиҳандаҳои муҳими рушди ин шохаи ҳокимияти давлатӣ ташаккули ҳайати касбӣ, босалоҳият, мустақил ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ фарогири судҳо мебошад. Дар ин раванд иштироки занон ҳамчун судя, раиси суд, муовини раиси суд, корманди дастгоҳи суд ва мутахассиси соҳаи адолати судӣ аҳамияти махсус касб менамояд.

– Масъалаи нақши занон дар рушди ҳокимияти судӣ набояд танҳо ҳамчун масъалаи зиёд намудани шумораи занон дар мақомоти судӣ арзёбӣ карда шавад. Моҳияти масъала дар фароҳам овардани шароити воқеии ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ барои истифодаи баробари иқтидори касбӣ, илмӣ ва роҳбарии занон, таъмини рақобати одилона ҳангоми интихоб ва пешбарии кадрҳо, инчунин ҷалби занон ба қабули қарорҳои муҳими судӣ ва маъмурӣ ифода меёбад.

Ҳокимияти судӣ мувофиқи моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақил буда, аз номи давлат ва аз ҷониби судяҳо амалӣ карда мешавад. Вазифаи он ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонуният ва адолат мебошад. Ҳамзамон моддаи 17 Конститутсия баробарии ҳамаро дар назди қонун ва суд эътироф намуда, баробарҳуқуқии мардон ва занонро кафолат медиҳад. Аз ин рӯ иштироки занон дар низоми судӣ ҳам татбиқи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба дастрасии баробар ба хизмати давлатӣ ва ҳам воситаи тақвияти хусусияти демократӣ ва намояндагии ҳокимияти судӣ мебошад.

Заминаҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқии иштироки занон дар ҳокимияти судӣ

Асоси ҳуқуқии иштироки занон дар фаъолияти мақомоти судиро, пеш аз ҳама, принсипҳои баробарӣ, манъи табъиз, дастрасии баробар ба хизмати давлатӣ, истиқлолияти судя ва таъмини адолати судӣ ташкил медиҳанд.

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 июли соли 2014 вазъи ҳуқуқии судҳо ва судяҳо, тартиби ташкили мақомоти судӣ, талабот нисбат ба номзадҳо ба вазифаи судя, кафолатҳои истиқлолият ва асосҳои фаъолияти касбии онҳоро муайян менамояд. Муқаррароти ин санад аз нуқтаи назари ҷинс бетараф буда, занон ва мардонро дар доираи талаботи ягонаи таҳсилотӣ, касбӣ, ахлоқӣ ва таҷрибаи корӣ барои ишғоли вазифаи судя қарор медиҳад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 1 марти соли 2005 яке аз санадҳои асосии ҳуқуқӣ дар ин самт мебошад. Қонун кафолатҳои давлатии баробарии ҳуқуқу имконияти мардон ва занонро муайян карда, табъиз аз рӯйи ҷинсро манъ менамояд. Принсипҳои қонуният, баробарии мардон ва занон, роҳ надодан ба табъиз ва шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ бояд ҳангоми қабул ба кор, интихоб, таъйин, аттестатсия, бозомӯзӣ ва пешбарии кормандони мақомоти судӣ низ риоя карда шаванд.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» аз 19 июли соли 2022 заминаи ҳуқуқии ҳимоя аз табъизро тақвият дод. Ин қонун шаклҳои табъиз, механизмҳои пешгирӣ ва бартараф намудани он, ваколатҳои мақомоти давлатӣ ва тартиби ҳимояи ҳуқуқи шахсони аз табъиз зарардидаро муайян менамояд. Аҳамияти ин санад барои низоми судӣ дуҷониба мебошад, аз як тараф мақомоти судӣ бояд дар сиёсати дохилии кадрӣ талаботи манъи табъизро риоя намоянд, аз тарафи дигар маҳз судҳо воқеан асосии ҳифзи ҳуқуқи шахсони мавриди табъиз қарордошта ба шумор мераванд.

Стратегия ва барномаҳои давлатии фаъолгардонии нақши занон

Дар ташаккули сиёсати давлатии гендерӣ «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030» мавқеи марказӣ дорад. Стратегия иштироки васеи занонро дар идоракунии давлатӣ, қабули қарорҳо, рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ ҳамчун шарти истифодаи самараноки неруи инсонӣ муайян менамояд.

Ин санад на танҳо афзоиши шумораи занон, балки омодасозии мутахассисони лаёқатманд, ташкили мактабҳои роҳбарӣ, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва ташаккули симои мусбати зани роҳбарро пешбинӣ менамояд. Ин вазифаҳо бояд дар сиёсати кадрии мақомоти судӣ низ инъикос ёбанд, зеро судяи соҳибтахассус танҳо дар натиҷаи таҳсилоти ҳуқуқии босифат, таҷрибаи тӯлонии касбӣ, тарбияи ахлоқӣ ва омодагии махсуси судягӣ ташаккул меёбад.

«Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023–2030» ба ташаккули захираи кадрӣ, баланд бардоштани малакаи роҳбарӣ ва омода намудани занон барои ишғоли вазифаҳои масъул равона гардидааст.

Нақши барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2007–2010, 2011–2013, 2015–2017 ва 2019–2021 қабул ва амалӣ гардиданд. Барномаи солҳои 2019–2021 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019 тасдиқ шуда, ба таҳкими ҳокимияти судӣ, такмили қонунгузории мурофиавӣ, беҳтар намудани дастрасӣ ба адолати судӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии судяҳо ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ равона гардида буд.

Ин барномаҳо дар навсозии низоми судӣ нақши муҳим бозида бошанд ҳам, масъалаи иштироки занон ва баробарии гендерӣ дар онҳо асосан ҳамчун самти мустақили ислоҳот инъикоси кофӣ наёфтааст. Дар марҳилаи минбаъда зарур аст, ки масъалаи гендерӣ на ҳамчун масъалаи иловагӣ, балки ҳамчун ҷузъи сиёсати кадрӣ, рушди касбӣ, шаффофияти интихоб ва эътимоди ҷомеа ба суд баррасӣ карда шавад.

Вазъи воқеии иштироки занон дар мақомоти судӣ

Тибқи маълумоти расмӣ, иштироки занон дар мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадриҷан густариш ёфтааст. Дар иттилои расмӣ аз 7 марти соли 2026 оварда шудааст, ки дар мақомоти судӣ 185 нафар зан фаъолият дошта, 97 нафари онҳо судя мебошанд. Дар байни занон 9 нафар вазифаи раиси суд ва 9 нафар вазифаи муовини раиси судро иҷро менамоянд. Ин нишондиҳандаҳо шаҳодат медиҳанд, ки занон на танҳо дар баррасии парвандаҳо, балки дар идоракунии фаъолияти судҳо низ саҳм мегузоранд.

Ҳамин тариқ, нақши занон дар рушди ҳокимияти судӣ дорои хусусияти бисёрҷанба мебошад. Занон дар низоми судӣ на танҳо гурӯҳи иҷтимоие мебошанд, ки ҳуқуқи баробар ба фаъолияти касбиро амалӣ менамоянд, балки ҳамчун судя, роҳбар, мутахассис, омӯзгор ва роҳнамо дар таҳкими қонуният ва адолати судӣ саҳми мустақим мегузоранд.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баробарҳуқуқии мардон ва занон заминаи кофии умумӣ фароҳам овардааст. «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон барои солҳои 2021–2030» ва «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд» имконият медиҳанд, ки масъалаи иштироки занон дар ҳокимияти судӣ ба сатҳи нави институтсионалӣ бароварда шавад.

Дар марҳилаи кунунӣ вазифаи асосӣ на аз қабули санадҳои нави декларативӣ, балки аз татбиқи ҳамоҳангшудаи санадҳои мавҷуда, муқаррар намудани нишондиҳандаҳои андозашаванда, шаффоф намудани сиёсати кадрӣ ва фароҳам овардани шароити воқеии пешрафти касбии занон иборат мебошад.

Тақвияти нақши занон маънои бартарӣ додан ба як ҷинс нисбат ба ҷинси дигарро надорад. Мақсад таъсиси низоме мебошад, ки дар он ҳар ҳуқуқшиноси соҳибтахассус, новобаста аз ҷинс имконият дошта бошад, ки бо дониш, поквиҷдонӣ ва маҳорати касбӣ дар таҳкими ҳокимияти судӣ саҳм гузорад. Маҳз чунин муносибат ба ташаккули суди мустақил, касбӣ, одилона ва сазовори эътимоди ҷомеа мусоидат менамояд.

Дилором АБДУРАҲИМЗОДА, муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС аз бойгонӣ

Источник: АМИТ "Ховар"