«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд

АМИТ "Ховар" · · g1221874

«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд

ДУШАНБЕ, 02.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар баробари муаррифии ширкати ҳавопаймоии «Шоҳин Эйрлайнз» ҳамчунин нахустин ҳавопаймои ширкат — ҳавопаймои муосири L-410 NG, ки «Бадахшон» номгузорӣ шудааст, муаррифӣ гардид,

ДУШАНБЕ, 02.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар баробари муаррифии ширкати ҳавопаймоии «Шоҳин Эйрлайнз» ҳамчунин нахустин ҳавопаймои ширкат — ҳавопаймои муосири L-410 NG, ки «Бадахшон» номгузорӣ шудааст, муаррифӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ширкати ҳавопаймоӣ.

Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода аз дастгириҳо ва таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи авиатсияи гражданӣ ёдовар шуда, изҳор намуд, ки оғози фаъолияти ширкати нави ҳавопаймоии «Шоҳин Эйрлайнз»  ва  воридоти  ҳавопаймои нави L-410 NG  марҳилаи муҳим дар рушди минбаъдаи ширкати ҳавопаймоӣ ва дар маҷмуъ соҳаи авиатсияи миллӣ буда, мусофиркашонии мунтазамро аз тариқи ҳавопаймоҳо дар хатсайрҳои дохилӣ боз ҳам бештар менамояд.

Таъкид гардид, ки то кунун парки ҳавопаймоии ширкати ҳавопаймоии «Шоҳин Эйрлайнз» аз чархболҳо иборат буд ва L-410 NG аввалин ҳавопаймои он гардид.

Ба ифтихори яке аз минтақаҳои нодири Тоҷикистон — Бадахшон номгузорӣ шудани ҳавопаймои муосири L-410 NG  саъю талошҳои «Шоҳин Эйрлайнз»-ро барои пайвастагии нақлиётии минтақаҳои кишвар ва таҳкими минбаъдаи алоқаи ҳавоии дохилӣ инъикос менамояд.

L-410 NG барои интиқолоти минтақавӣ ва истифода дар шароити гуногун, аз ҷумла минтақаҳои кӯҳӣ мувофиқ мебошад. Он барои 19 мусофир ҷойи нишаст дошта, бо хусусияти беҳтаршудаи истифода, самаранокии баланди сӯзишворӣ ва дурпарвозиаш фарқ мекунад. L-410 NG тарҳи муосир ва такмилёфтаи ҳавопаймои маъруфи минтақавии L-410 мебошад, ки аз ҷониби ширкати чехии «LET Aircraft Industries» тарҳрезӣ шудааст.

Ба иттилои Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Шоҳин Эйрлайнз» Зафар Аҳмадзода, қабули L-410 NG қадами муҳим дар татбиқи стратегияи рушди ширкат ва ташаккули парки ҳавопаймоии он мебошад. “Мо мехоҳем имконоти ин ҳавопайморо барои рушди интиқолоти минтақавӣ, афзоиши гардишгарӣ ва пайвастагии нақлиётии кишвар истифода барем», — иброз дошт Зафар Аҳмадзода.

«Шоҳин Эйрлайнз» рушди интиқолоти ҳавоии минтақавиро яке аз самтҳои ояндадори фаъолият медонад ва ворид шудани L-410 NG барои татбиқи лоиҳаҳои нав ва тавсеаи минбаъдаи ҷуғрофияи парвозҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.

«Шоҳин Эйрлайнз» ширкати ҳавопаймоии хусусӣ буда, дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Он ба рушди авиатсияи граждании ватанӣ, инчунин рушди интиқолоти ҳавоии минтақавию байналмилалӣ нигаронида шудааст. Ширкат бо истеҳсолкунандагони пешрафтаи ҳавопаймоҳои ҷаҳон музокирот анҷом дода, дурнамои рушди мусофиркашонӣ ва интиқоли бор, инчунин авиатсияи тиҷоратиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.

АКС: «Шоҳин Эйрлайнз» / АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"